Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бурятия занҳои ӯзбекро мисли ғулом истифода менамудаанд


Дар Бурятия барои истифодаи меҳнати ғуломӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ду сокини маҳаллӣ ҳамроҳ бо як муҳоҷири ӯзбек 10 зан аз Ӯзбекистонро ғайриқонунӣ ба ноҳияи Прибайкали Русия оварда, дар корхонае маҷбурӣ кор мефармудаанд.

Дар ин бора СА-News бо истинод ба хадамоти матбуотии Шуъбаи тафтишотии Бурятия иттилоъ додааст.

Ин корхона ба ҶДММ "Гранд Текс" тааллуқ дошта, дастпӯшҳои хонагӣ истеҳсол мекардааст. Занҳо аз ҳаққи озодонаи гаштугузор дар атрофи корхона маҳрум буда, ҳамчунин шиносномаҳояшон гирифта шудааст. Қурбониёнро маҷбур мекардаанд, ки дастпӯш бидӯзанд. Дар сурати эътироз таҳдид мешудаанд, ки зиддашон аз нерӯи физикӣ кор гирифта хоҳад шуд.

Феълан масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани боздоштшудаҳо дар ҳоли баррасӣ буда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG