Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқоти байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми Иттиҳод, ки ҳар сол моҳи январ сурат мегирифт, дигар баргузор намешавад.

Дар ин бора вазири варзиш ва президенти Иттиҳодияи футболи Русия (РФС) Виталий Мутко дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи РФС рӯзи 23 июл хабар додааст.

«Ҷоми Иттиҳод барҳам хӯрд. Вай моҳияти худро гум кард. Дар навбати худ, Ҷоми Гранаткинро идома медиҳем, — изҳор доштааст Мутко.

Ёдовар мешавем, дар Ҷоми Иттиҳод нахуст қаҳрамонҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ, баъдан дастаҳои мунтахаби ҷавонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил ва дигар кишварҳо ширкат мекарданд.

Дар ин мусобиқоти байналмилалӣ аввал қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва аз соли 2012-ум мунтахаби ҷавонони кишвар иштирок мекарданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG