Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми президенти Қазоқистон, ки аз 7 то 13 август дар шаҳри Шимкент баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин мусобиқот, ки барои бори нӯҳум баргузор мешавад, ҳашт даста иштирок мекунад. Инҳо дастаҳои мунтахаби наврасони Албания, Қазоқистон (ду даста), Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Эрон мебошанд.
Маблағи ҷавоизи мусобиқот 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқот ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 6 ҳазор доллар мукофотонида мешавад. Ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.
Мнтахаби наврасони футболи зери 16-солаи Тоҷикистон соли гузашта дар мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона дар нахустин бозиаш аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрда, дар даври дувум бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад, вале дар бозии севуми сабқати гурӯҳӣ аз тими мизбон – Қазоқистон – бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷому медалу ҷоизапулӣ маҳрум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум аз тими Русия-2 бо ҳисоби 0-1 мағлуб гашт. Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар байни 8 даста мақоми шашумро касб кард.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии Зайниддин Раҳимов дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) барандаи медалҳои нуқра гардид.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Дар дувумин бозиаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Дар бозии даври ниҳоии мусобиқот рӯзи 15 июл дар шаҳри Вэйнани Чин бар дастаи мизбон – мунтахаби Чин - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Барномаи тахиякадаи чин амали шуда истодааст. Шукрона. Ба пеш!
Вакте кормандони шиносномадихии ВКД Чумхурии Точикистон хама собик дузд ва сохибкору шахсони тасодуфи таьин шуданд пас чиро бояд интизор шуд ва хамчунин кормандони консулгарихо низ дар хорича агар дар хакикат шахрванди Чумхурии Точикистон боши шиноснома надода бехад гамт метан вале чи авгон, боши чи узбек, чи киргиз, чи рус ва чи дигар миллат бошиву аз 5000 доллар то 25000 пешниход намои зуд дар як руз шиноснома омода намуда медиханд. Ва инро тамоми давлатхо медонад ки кормандони шиносномадихи ва консулгарихои Точикистон чи дар дохил ва чи дар хорича шиносномаи точикиро барои фурухтан ба дигар халку милатхо ва шахрвандони дигар давлатхо ба як бизнеси худ мубадал сохтаанд.
Шахрвандони мухтарам кадомет,ки оиди ин масъалахои мухочират тасавурот надори илтимос гапхои бехуда чоп накун.Хамаи суханхои ночои шумо зарараш ба мухочирон мерасад,мухочироне.ки дар вартаи вазнин карор доранд.
Bafikram digar dar tojikiston zindagi komilan noimkonshud. chubaki hamiki naforidishon darav azoi hizb meshay.....az Alloh tarsen ki shumora ruzhoyi saht intizoray......iqa ohi modaronu va yatimoni in millat.
домулло сухани хак-ро гуфт. МАРДУМИ МО ШАХСИ ЧОХИЛУ НОДОНРО ПЕШВОИ ХУД ХОНДАНД, барои сухани хак гуфтан домулло салафи шуд???