Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар дувумин бозиаш дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) бар тими Туркманистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Дар ин бозӣ, ки 13 июл дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, голҳоимунтахаби Тоҷикистонро Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев заданд.
Дар бозии дигар футболбозони навраси Кореяи Ҷанубӣ бар мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар нахустин бозиаш дар ин мусобиқот аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд. Дар ин бозӣ, ки 11 июл дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Тоҳир Малодӯстов дар дақиқаи 76-ум ба ҳадаф расонд.
Бозии даври севумро футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии Зайниддин Раҳимов 15 июл бо мунтахаби Чин анҷом медиҳанд.
Ҷоми «Роҳи абрешим – Хуашан-2016»:
Даври 1-ум
Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон – 3:1
Голи Тоҷикистон: Тоҳир Малодӯстов, 76.
Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Манучеҳр Сафаров, Султоншо Мирзоев, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Фаридун Неъматов, Далер Ёдгоров, Аваз Қамчинов.
Чин – Туркманистон – 4:1
Даври 2-юм
Туркманистон – Тоҷикистон – 2:3
Голҳои Тоҷикистон: Шервонӣ Мабатшоев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев.
Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Саидмухтор Азимов, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Далер Ёдгоров, Мубинҷон Муъминов, Амир Иброҳимов, Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров, Фаридун Неъматов.
Чин –Кореяи Ҷанубӣ – 0:1
Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:
Даври 3-юм
15 июл (ҷумъа)
13:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Туркманистон
16:35 – Тоҷикистон – Чин
Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе мебошад.
Зик нашавед аввал худашро бай кайд гирифт баъдтар хама коди барномахои ин кумитаро бо воситаи хамин адерсаш гирифта тамоми молиёташро аз худаш мекунад. Цукерберг ХАКЕР аст аз ба кайд гирифтан ба вай фоида хаст ки зарар не. ТАК ЧТО ВАКТ ИНРО МУАЙЯН МЕКУНАД....
Цукерберг бояд андоз супорад. Чан сол шуд фейсбук кор мекунад. Агарне байкот кардан лозим
Хамин забони точики барои шумо душвор аст чи? Борик аз тунук фарк дорад. Кабати пирях борик шуд ё тунук?
Хулоса хамин одам ягон кори ночое накардааст максад аз ин кор алоби чашми мардуми Исфараро паронданиян, ки бо як кори ночизе метавонед паси панчара нишинед! Парво накун бо сари баланд паси панчара мешини мухим он аст ки нангу номусро аз даст надоди!
Агар барои хукумати Точикистон ту сумдор бошиву ту хабаркашу дуруг гуву патхалим боши ту устоди хунар хисоб мешави. Вай дар даврони шурави хукумати Точикистон ном мениходанд. Хозир хукумати Оилави дар чоеаи мо хукумфармост. Дар вучуди онхо факат сум чамъ куниву вазифа фурушиву хушу таборошонро савод надошта бошанд хам вазиру хокиму дигару дигар таъин кунанд шуд. Халки бечора мемурадми мехурадми гайб мезанадми парво надоранд.