Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари коллеҷи САҲА ба рӯи ҳама боз мешавад?


Маҷмааи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мехоҳад, ки коллеҷи идораи марзҳо дар шаҳри Душанбе барои дигар кишварҳои узви САҲА бештар дастрас бошад.

Ба ин нукта дар Эъломияи ҷаласаи солонаи Маҷмааи парлумонии САҲА дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон, таъкид шуд.

Нат Перрӣ, раиси бахши иттилооти Маҷмааи парлумонии САҲА рӯзи 11 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо такя ба ин эъломия гуфт, ин тавсия ё даъвати дастрасии коллеҷи марзбонии Душанбе ба дигар кишварҳои узви созмон дар робита ба бӯҳрони муҳоҷират дар олам гирифта шудааст.

Коллеҷи САҲА оид ба идораи марзҳо дар шаҳри Душанбе чаҳор сол пеш ифтитоҳ шуд. Тайи ин солҳо садҳо афсарони марзбон аз кишварҳои кишварҳои узви созмон ва ҳам давлатҳое, ки дар ин созмон нозиранд, дар давраҳои омӯзишӣ ширкат мекунанд. Як корманди пешини раёсати робита бо ҷомеъа дар ин коллеҷ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъзан ба давраҳои омӯзишӣ марзбонҳои бархе кишварҳои арабӣ ҳам фаро гирифта мешуданд.

Аммо тамаркӯзи асосӣ дар коллеҷи идораи марзҳо рӯи марзбонҳои Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказист. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, дар ҳама давраҳои омӯзишӣ, ки аз як ҳафта то як моҳ идома мекунанд, гурӯҳи бузурги марзбонҳои афғон ширкат доранд. Барои хонумони афғоне, ки дар хадамоти марзбонӣ хизмат мекунанд, дар коллеҷ курсҳои вижа таъсис мешавад.

Аммо бонувони марзбон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давраҳои омӯзишӣ ҳамроҳ бо мардон сабақ меомӯзанд, афзуд мусоҳиби мо. Тадрис дар коллеҷ бо се забон – англисӣ, русӣ ва форсӣ мегузарад.

Тамрини муштараки низомиёни тоҷик ва афғон дар ноҳияи Ҳисор
Тамрини муштараки низомиёни тоҷик ва афғон дар ноҳияи Ҳисор

Гуфта мешавад, фалсафаи омӯзиш дар коллеҷ хело ҷолиб аст ва дар марз на ҳамчун хатти ҷудокунанда, балки чун хатти баҳамоваранда тадрис мешавад – шогирдони коллеҷ на фақат масъалаҳои марбут ба гумруку интиқоли молу коло, балки масъалаҳои доғи рӯзу ҳуқуқи башар ва гендериро ҳам меомӯзанд.

САҲА аз соли 2004 ба ин сӯ, яъне аз замони ба ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон гузаштани ҳимояти марзҳои кишвар бештарин мизони кӯмакҳои молӣ ва фанниро ба Тоҷикистон расонидааст. Дар чаҳорчӯби ин барнома, даҳҳо постгоҳи марзӣ бозсозӣ шуда, маркази таълимии марзбонон таҷҳиз гашта, гузаргоҳҳои марзӣ бо техникаи зарурӣ таъмин шуда ва ба ҷуз Коллеҷи идораи марзбонӣ, ҳамчунин шӯъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири раёсати марзбонӣ таъсис шудааст.

Зимнан, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Афғонситон дар чаҳорчӯби дигар барномаҳо низ пайваста тамринҳо баргузор мекунанд..

Дар иҷлосияи солонаи Маҷмааи парлуомнии САҲА дар шаҳри Тифлис вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Олим Салимзода ва Гулбаҳор Назирӣ ва Саидҷаъфар Усмонов ҳузур доштаанд

XS
SM
MD
LG