Раҳбарияти бошгоҳи футболи "Истиқлол" рӯзи 10 июл бо тасмими худ ҳамаи мураббиёни дастаро ба истеъфо фиристодааст.
Ба ин тартиб, Мубин Эргашев - сармураббии дастаи “Истиқлол” ҳамроҳ бо ёваронаш аз вазифаашон барканор шудаанд. Ҳамакнун қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистонро ба нимаи дувуми мавсими имсолаи футбол ситоди нави мураббиён омода хоҳад кард.
Дар ин бора ба “Озодӣ” Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, рӯзи 11 июл хабар дод. Ӯ гуфт, ки номи сармураббии нави «Истиқлол» ва ёваронаш рӯзҳои наздиктарин эълон хоҳад шуд.
Дар мавсими имсолаи футбол "Истиқлол", қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои бори шашум Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овард.
“Истиқлол” дар давраи аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни тимҳои лигаи олӣ бо 23 имтиёз ғолиб шуд ва ҳоло ягона дастаест, ки бохт надорад.
Вале “Истиқлол” имсол дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи “В” бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гашт.
Душанбе. Саволи ман ин аст ки агар ин донишҷӯён гунаҳкор ва хоин миллати тоҷик ҳастанд чаро. Хоини онҳоро ошкор мурофиа онҳоро баргузор намекунанд???? Ба назари мо донишҷӯёни тоҷик хоин нестанд. Ин ҳама дар ғарби дарс хонда бо савод шуданд. Ки рафта дар кишвари худ ба мардум хидмат кунанду дар кишвар сарбаланд бошанд. На зиндонӣ....
Душанбе
Хуручи НАТО аз Афгонистон ин шармандагиест, ки СССР фавкулоди ин иштибохро карда буд Бигузор Амрико раванд хоханд рафтан гирад, аммо НАТО агар равад ин шарму шикасти Амрико ва Аврупоро меорад Афгонистон ин Ирок Ветнам Чопон Германия Аргентина нест мухтрам созмони пурнуфузи НАТО...
Ҳабс танҳо дар ҷиноятҳои махсусан вазнин пешбини шудааст. Ин бечора донишчӯён чи ҷинояте содир кардаан? Агар ҳукумати тоҷик далел медошт ҳеҷ гоҳ мурофиаи додгоҳи пушти дари баста намегузашт, чун барои айбдор намудан далел надоранд пушти дари баста говсуд гузаронидаанд.
Фахмидем дар Душанбе лекин магозааш дар кучо чойгир хаст сурогаашро пурра менавистед хубтар мешид.пешаки рахмат