Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои "Бачагони Осиё" дар Ёқутистон шуруъ шуданд


Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» ҳайати варзишии Тоҷикистон низ ширкат кард.

Бозиҳои VI байналмилалии варзишии "Бачагони Осиё" 6 июл дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия оғоз ёфт. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, ҳангоми ифтитоҳи Бозиҳо иштирокдоронро табрик карда ва гуфт, "соли ҷорӣ мо 20-солагии “Бачагони Осиё”-ро ҷашн мегирем, ки ин синни муътабар аст. Ин Бозиҳо мақоми хос доранд, зеро ки таҳти сарпарастии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир мешаванд. Русия бо Бозиҳо ифтихор дорад."

Нахуствазири Русия "Бачагони Осиё"-ро шанси беҳтарин барои намоиш додани қобилияти варзишгарони наврас донист. Ӯ гуфт, "ҳамаи наврасон аз санҷиши интихобӣ ба таври ҷиддӣ гузашта, худро ҳамчун варзишгарони ҳақиқӣ нишон доданд. Дар пеш 12 рӯзи мусобиқот аст ва орзу мекунам, ки шиори маълуми олимпӣ “Тезтар, баландтар, қавитар!” дар ҳаёт татбиқ шавад."

Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» беш аз 3000 варзишгари наврас аз 38 кишвар иштирок доранд. Ба барномаи бозиҳо 22 намуди варзиш - баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, гуштии озод, камонварӣ, кураш, мас-рестлинг, пауэрлифтинг, самбо, таэквондо ВТФ, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, тирандозӣ ба лаъличаҳо, футбол, хапсагай, ҷаҳиши миллии ёқутистонӣ, ҷудо, шашка, шоҳмот, шиноварӣ - шомиланд.

Дар ин Бозиҳо беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо иштирок мекунанд.

Сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳмуд Абдуллоев, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, рӯзи 7 июл ба “Озодӣ” гуфт, “варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои байналмилалии варзишии "Бачагони Осиё” борҳо ширкат кардаанд. Вале дастаҳои мо солҳои пеш дар ин бозиҳо бо теъдоди 5-6 нафар иштирок мекарданд ва аммо дар бозиҳои имсола теъдоди онҳо чор маротиба зиёд аст. Шумораи варзишгарони наврасро боз ҳам бештар кардан мумкин буд, вале ин ба маблағгузорӣ бастагӣ дорад, охир, роҳ аз Тоҷикистон то Ёқутистон тӯлонист.”

Бояд гуфт, ки Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Николаев сар аз соли 1996 баргузор мешаванд.

Барои ширкат дар ин Бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳое, ки аъзои Шӯрои олимпии Осиё ҳастанд, инчунин минтақаҳои Русия даъват мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар Бозиҳо дастаи мунтахаби шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG