Дар ҳамоиши минтақавии намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, ки рӯзҳои 20-21 май дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – баргузор шуд, Тоҷикистонро дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли КМО Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагӣ карданд.
Ин ҳамоишро Шӯрои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ташкил намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои омодагиҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия (5-21 август), Бозиҳои V соҳилии Осиё соли 2016 дар шахри Да Нанги Ветнам (24 сентябр – 3 ноябр), Бозиҳои VI “Бачагони Осиё” соли 2016 дар Якутски Русия (6-16 июл), Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ соли 2017 дар Саппорои Ҷопон, Бозихои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар Ишқободи Туркманистон ва ниҳоят, Бозиҳои XVIII Осиё соли 2018 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баррасӣ шуд.
Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки Деҳаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия 24 июли соли 2016 расман кушода эълон мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 22 май ба “Озодӣ” хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ, рӯзи 21 май дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Қатар доктор Танӣ Абдулраҳмон Ал-Куварӣ бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаи ҳамкориҳо байни кумитаҳои миллии олимпии ҳарду кишвар баррасӣ шуд.
Доктор Абдулраҳмон Раҷабалиевро барои иштирок дар анҷумани ҷаҳонии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки моҳи ноябри соли 2016 дар шаҳри Доҳа барпо мегардад, даъват намуд.
Дар навбати худ Раҷабалиев доктор Абдулраҳмонро барои иштирок дар Ҷоми президенти Точикистон оид ба ҷудо, ки моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват кард. Доктор Абдулраҳмон ин даъватро бо хушнудӣ қабул намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 21 май дар Доҳа, инчунин ҷаласаи кумитаи молияи Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли КМО Тоҷикистон ҳамчун узви ин кумита иштирок кард. Ҷаласа таҳти раёсати Ҳусайн Ал-Мусаллам, мудири кулли ШОО, сурат гирифт.
Дар ҷаласа ҳисоботи Комиссияи назорату тафтишоти Шӯрои олимпии Осиё дар давраи солҳои 2015 - 2016 шунида, тасдиқ карда шуд. Кумита барои омодагии муташаккилона ба Бозиҳои Осиё дар солҳои 2016 - 2017 қарор қабул намуда, нақшаи маблагузориро тасдиқ кард.
Иди гузашта муборак Сарвинози Рухуло.
Шахзодахонуми гироми! Аз хиёбонхои Хулланд ва биёбонхои Точикистону Самарканд нангаред. Ин чо рузгор ва замона басо печидатар аз он хаст ки мепиндоред. Нахуст чанд соле биёед зиндагони кунед бо мардум ва бибинед ки чи тур метавонед бар мардум ангеза дихед оё шудани аст ё об дар хован кубиданро мемонад!? Мардумеро ки хобанд мешавад бедорашон кард аммо мардумеро хамчу мардуми арчманди Самарканду Бухоро ки худро ба хоби гарон задаанд наметавон хушёр кард.Ягона рах шуки бузург онхоро метавонад ба хештан биёварад ва хештаншиносашон кунад ки он зарба имруз нест ва он шок факат метавонад аз чониби як кудари сутург ворид шавад. ба сони шуравихо ки дар як сад соли пеш ворид карданд. Бо ин гапакхои зери по уфтода танхо ба чанд бодониш мешавад канор омаду сухан гуфт ки шумо худ медонед ва худ донед!!! Аз баландои Хуланд ба жарфои Самарканд фудур оёд ва мардуматонро аз наздик бибинед ки андар онхо чи меёбед хиччи ба чуз аз самбусафуруши ва як кафгир дар даст гирди чахон гаштан на донише на хонише .. бадтар аз хама мардуми точик динзадатарин ва ифротитарин мардумест ки дидаму шунидам бо хама талоши давлати ТЧ хануз дар сади хеле зиёдашон дар кавирхои арабистон мечарханду парса мезананд ва аз он чо ростиро чуё мешаванд. Намунаи рушанаш хамин бештари андешахое ки дар поёни гуфтумонат овардаанд касон. Инхо сабабу иллатхои зиёде доранд камбизоатии андеша ва пеша ва решаву киса ва пасуфтодан аз дунёи имруз ва аз гузашта инсони комил ва мадинаи фозиларо чустан ва садхо саргардонихо ва нодонихои дигар. Бинобарин бо ин талошатон ки хастагинопазир будаву хаст ва хеле хастаатон карда ва дар чехраатон намоён аст самареву натичае гирифтан душвор ба чашм меояд.
Чаббор Расулов вакте ба нохияхо мерафт хамрохаш як тармос чой ва нону консервахо мегирифт,Каххор Махкамов бошад аз зиефатхои дабдабадор худдори карда лагандбардорхоро итоб мекард ки ба гайр аз чои кабуд чизе ба ман ташкили накунед.Зиндагии хоксоронаи рохбарон саьодату маишати бечорагон аст.Зиндагии даврони чавонии мо хуб буд,аз они шумо чи?
Духтурхои роспотребнадзор омаданду рафтанд ягон натичаш нест? Малум мешавад, ки Точикистонанба холо хам коронавирус будааст. Дигар чои ягон капаш нест инба. Фикри фишори Путин Рахмонба хам дуруст аст. Дах сол шуд мехохад, ки Точикистона Евразесба дохил кунад лекин натонистост.
То ин тоифа сер мешавад, Тоҷикистон дар болои...фанер мешавад.