Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии хешовандони Муҳиддин Кабирӣ


Сафар Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ
Сафар Кабиров, бародари Муҳиддин Кабирӣ

Мақомоти интизомии Файзобод чаҳор хешованди раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро бозпурсӣ карда, аз ҷумла дар бораи гирдиҳамоии мухолифон дар Олмон суол додаанд.

Мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод рӯзи 20 май чаҳор хешованди Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро барои бозпурсӣ даъват кардаанд ва баъди суолу ҷавоб раҳо намудаанд. Бозпурсӣ як рӯз баъд аз намоишҳои эътирозии гурӯҳи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Олмону Туркия сурат гирифт.

Тило Кабиров, падари 88-солаи Муҳиддин Кабирӣ, рӯзи 20 май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти интизомӣ писараш - Сафар Кабиров, келинаш - Дилором Қурбонова, домодаш - Исматулло Нарзуллоев ва наберааш - Маҳмуд Тилозодаро ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Тило Кабиров, ки роҳ рафта наметавонад, гуфт, мақомоти интизомӣ фарзандонашро бо зӯр набурдаанд ва онҳо худашон ба шӯъбаи умури дохилӣ рафтанд.

Тило Кабиров
Тило Кабиров

Тило Кабиров гуфт, аз замоне ки ӯро ҳамроҳи наберааш Маҳмуд Тилозода аз фурудгоҳи Душанбе дар вақти сафар ба Истанбул дар моҳи январ баргардонданд, танҳо як бори дигар бозпурсӣ шудааст. “Бачаҳое, ки мепурсанд, мегӯянд, айби Эрон аст, ки Кабирӣ ба ин роҳ рафт. Ман мегӯям, аз Кабирӣ ҳеч зарар нарасидааст. Охир, Кабирӣ (механдад) як чумчуқро кушта наметавонад, чӣ хел террорист аст? Ман ҳама чизро аз тақдир медонам,” – гуфт ӯ.

Падари Кабирӣ мегӯяд, ҷое даъват нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Тило Кабиров, падари раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, дар деҳаи Қасамдараи ноҳияи Файзобод ба сар мебарад.

Писараш ва сокини ҳамин деҳа Сафар Кабиров, бародари бузурги Муҳиддин Кабирӣ, ба Озодӣ гуфт, субҳи рӯзи ҷумъа ӯро мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод ҳамроҳи Исматулло Нарзуллоев - шавҳари хоҳарбузургаш – барои бозпурсӣ даъват карда, баъди суолу ҷавоби хеле кӯтоҳ ҷавоб доданд. “Онҳо гуфтанд, ки дар Олмон митинг шудааст ва оё аз Олмону Истанбул касе занг зад ё не? Ман гуфтам, ки аслан ҳеч кас аз хориҷ ба мо занг намезанад. Мо машғули зиндагии худамон ҳастем. Зиндагии осуда ва обод мехоҳем. Нооромӣ ҳеч гоҳ ба суди ҳеч тараф нахоҳад буд,” – афзуд Сафар Кабиров.

Бародари Кабириро касе иҷборӣ ҷое набурдааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

Сафар Кабиров меафзояд, дар нимаи дувуми ҳамин рӯз додарзодааш Маҳмуд Тилозода, ки дар синфи 11-ум мехонад ва модари ӯ Дилором Қурбонова низ барои бозпурсӣ даъват шуда ва баъдан ҷавоб шудаанд. Вай низ гуфт, мақомот ҳеч гоҳ онҳоро бо зӯр ба ба бозпурсӣ набурдаанд: “То ҳол, шукри Худо, ҳеч гоҳ ба зӯр моро ба мақомот набурдаанд. Куҷое, ки равем ором ва дар доираи қонун суҳбат мекунанд.”

Аммо Сафар Кабиров дар идомаи суҳбаташ лаб ба шикоят кушод, ки фермаи гову гӯсфандаш ба номи “Истиқлол” ва мошини “Опел”-ашро ҳабс карданд. Аммо мақомоти интизомии Файзобод то ҳол дар ин робита ҳеч шарҳ надодаанд.

Маъмурони милиса дар ноҳияи Файзобод моҳи декабри соли 2015 бо падари Кабирӣ ва дигар аъзои хонаводаву хешовандонаш сӯҳбат карданд. Он замон дар Интернет видеои сӯҳбати Тило Кабиров нашр шуд, ки дар он пирамарди 88-сола ба писараш “насиҳат” мекард, ки “чӣ қадаре метавонӣ, барои ободии Ватан бикӯш.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар аъзои раёсати ҳизбро ба тарҳрезии ошӯби моҳи сентябр ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам мекунанд. Дар ин ошӯб чанд нафар, аз ҷумла маъмурони пулис кушта шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мегӯяд, ки ӯ ва тарафдоронаш дар ошӯби генерал Назарзода даст надоранд ва ин ошӯб баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат шуд, ки бештар аз 40 ҳазор аъзо дошт ва ҳоло як созмони террористӣ ва мамнӯъ дар Тоҷикистон эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG