Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки имрӯз, 19 май, дар маҷмааи варзишии «Барис - Арена»-и Остона, пойтахти Қазоқистон, шуруъ шуд, варзишгари тоҷик Шоира Зулқайнарова ба нокомӣ дучор шуд. Ӯ дар нахустин даври мусобиқа дар вазни то 75 кило қувваозмоиро ба рақибаш Сараҳ Шеурич (Олмон) бохт. 43 сония пеш аз хотимаи раунди севум муштзани олмонӣ бо зарбаи фаннӣ Шоираро шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Ба ин тартиб, Шоира Зулқайнарова аз шонси охирин истифода карда натавонист ва аз роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуд.
Дар ин ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ, ки беш аз 320 варзишгар ширкат дорад, ба ҷуз Шоира Тоҷикистонро боз якмуштзани машҳур – Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон, – намояндагӣ мекунад. Вай бегоҳи имрӯз, 19 май, дар вазни то 60 кило бо варзишгари Тайван Вен-Линг Чен вориди рақобат мешавад. Дар ин вазн ҳамагӣ 47 муштзан иштирок мекунад.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар Остона варзишгарон ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо, инчунин дар се вазн (-51, -60 ва -75 кг) барои 12 роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Яъне муштзанҳое, ки мақомҳои ифтихориро ишғол мекунанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Ин охирин имконоти ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ барои бонувони муштзан маҳсуб мешавад.
Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар маҷмааи “Барис – Арена”-и Остона бегоҳи 19 май баргузор хоҳад шуд.
Ба назари коршиносон дар байни муддаиёни аслии медалҳои тиллои қаҳрамонии ҷаҳон чунин муштзанҳои маъруф, ба монанди Кэти Тэйлор (Ирландия), Мэри Ком (Ҳиндустон), Кларисса Шилдс (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), қаҳрамони олимпӣ Никола Адамс (Британияи Кабир) ва Жэн Тзантзан (Чин) ҳастанд.
Намояндагони Урдун, Мозамбик ва Серра-Леоне барои аввалин бор дар чунин мусобиқа ширкат меварзанд.