Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2016


Рӯзи 17 май дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи кишвар қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2016 баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2016, ки рӯзи 17 май дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи кишвар баргузор шуд, дар марҳилаи аввал 12 дастаи лигаи якум ва як тими лигаи дувум аз минтақаи Хатлон – «Сомон»-и Данғара иштирок мекунанд.

Мувофиқи натоиҷи қуръакашии марҳилаи пешакӣ шаш ҷуфт ташкил шудааст: «Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара), «Помир» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ), «Коммуна» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар), «Панҷшер» (Румӣ) – «Чашма» (Шаҳритус) ва «Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив» (Душанбе).

Бозиҳои аввал рӯзҳои 24-25 май, бозиҳои ҷавобӣ бошанд, 31 май ва 1 июн барпо мегарданд. Ғолиби ҷуфти «Помир» – «Кӯктош» дар даври дувуми пешакӣ бо дастаи «Сомон» бозӣ мекунад.

Шаш дастаи ғолиби бозиҳои марҳилаи пешакӣ ба ҳаққи ширкат дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф мешавад. Аз ин марҳила ба онҳо даҳ дастаи лигаи олӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.

Қуръакашии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дертар доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе мебошад.

Ҷоми Тоҷикистон-2016

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои аввал

24 май (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Канд» (Конибодом) – «Исфара» (Исфара)

«Помир» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

25 май (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

«Саройкамар» (Панҷ) – «Ҳулбук» (Восеъ)

«Коммуна» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар)

«Панҷшер» (Румӣ) – «Чашма» (Шаҳритус)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив» (Душанбе)

Марҳилаи пешакӣ. Бозиҳои ҷавобӣ

31 май (сешанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Исфара» (Исфара) – «Канд» (Конибодом)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Помир» (Душанбе)

1 июн (чоршанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Парвин» (Бохтар) – «Коммуна» (Фархор)

«Чашма» (Шаҳритус) – «Панҷшер» (Румӣ)

«Локомотив» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)

XS
SM
MD
LG