Дар бозиҳои даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14-15 май барпо гардиданд, дар ду бозӣ мизбонон, дар дутоаш меҳмонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо ҳисоби мусовӣ хотима ёфт.
«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар майдони худ бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 6:3 пирӯз шуд, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал аст. “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад.
“Хайр”-и Ваҳдат, ки дар меҳмонӣ “Хуҷанд”-Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод, бо 11 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад.
“Ҳосилот”-и Фархор, ки бозиро бо дастаи мизбон – “РегарТадАЗ”-и Турсунзода - бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, бо 11 имтиёз ҷойи севумро касб кардааст.
Дар ду бозии дигари даври шашум ССКА “Помир” дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:1 ва “Барқчӣ”-и Душанбе дар сафар “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карданд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум
«Истиқлол» – «Вахш» – 6:3
Огоҳонида шуданд: Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук («Истиқлол»), Худойдод Узоқов, Фирӯз Ризомов («Вахш»).
15 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» – 2:2
Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 36 (1:0). Ҳасан Рустамов, 45+1 (1:1). Комрон Турсунов, 70 – аз пеналтӣ (2:1). Мӯсо Содиқ, 85 (2:2).
Огоҳонида шуданд: Меҳроҷиддин Музаффаров, Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»), Мӯсо Содиқ, Наврӯз Рустамов, Далерҷон Тухтасунов, Абдурасул Раҳмонов («Ҳосилот»).
15 май. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 6000 тамошобин.
«Хуҷанд» – «Хайр» – 1:5
Голҳо: Эраҷ Раҷабов, 29 – ба дарвозаи худ (1:0). Агблей Ҷонес, 41 (1:1). Менсаҳ Даниэл Абан, 56 (1:2). Мисиам Иносент, 63 (1:3). Мисиам Иносент, 75 (1:4). Агблей Ҷонес, 90+3 (1:5).
Огоҳонида шуданд: Далер Шарифов, Самад Шоҳзуҳуров, Баҳодур Шарифов, Мӯҳсин Парпиев («Хайр»).
15 май. Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 7000 тамошобин.
«Парвоз» – «Барқчӣ» – 1:2
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 41 (0:1). Руслан Таваккалов, 55 (1:1). Отабек Каримов, 83 (1:2).
Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳадаф нарасонд : Абдураҳмон Қурбонов («Парвоз»), 71 – дарвозабон.
Огоҳонида шуданд: Аваз Норқӯзиев, Абдумалик Юсуфов, Абдураҳмон Қурбонов («Парвоз»), Комил Саидов, Табрези Давлатмир, Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»).
14 май. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 1000 тамошобин.
ССКА «Помир» – «Равшан» – 3:1
Голҳо: Андоҳ Наполеон, 4 (1:0). Комрони Мирзохон, 18 – ба дарвозаи худ (1:1). Парвиз Қашқаров, 21 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 36 (3:1).
Огоҳонида шуданд: Фаррух Фузайлов, Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Тоҳири Баҳром, Саидхони Амрохон, Далер Чолов, Аваз Қамчинов («Равшан»).
14 май. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 3000 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
6 |
6 |
0 |
0 |
26-9 |
18 |
2 |
«Хайр» (Ваҳдат) |
6 |
3 |
2 |
1 |
12-4 |
11 |
3 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
6 |
3 |
2 |
1 |
10-7 |
11 |
4 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
6 |
3 |
1 |
2 |
10-7 |
10 |
5 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
6 |
3 |
1 |
2 |
6-4 |
10 |
6 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
6 |
3 |
0 |
3 |
5-11 |
9 |
7 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
6 |
2 |
1 |
3 |
10-12 |
7 |
8 |
«Барқчӣ» (Душанбе) |
6 |
2 |
1 |
3 |
8-10 |
7 |
9 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
6 |
1 |
0 |
5 |
4-11 |
3 |
10 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
6 |
0 |
0 |
6 |
3-20 |
0 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 6 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ, Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Дилшод Восиев («Истиқлол»), Мисиам Иносент («Хайр»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.
Даври 7-ум:
21 май (шанбе)
«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»
«Равшан» – «Парвоз»
«Вахш» – ССКА «Помир»
22 май (якшанбе)
«Хайр» – «Истиқлол»
«Ҳосилот» – «Хуҷанд»
Оғози бозиҳо - соати 17:00