Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бошгоҳи футболи «Триполи» ба Душанбе омад


Дастаи футболи «Триполи»-и Лубнон барои бозӣ бо тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Бошгоҳи футболи «Триполи»-и Лубнон барои бозии даври ниҳоии сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016 бо дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи шанбеи 7 май ба Душанбе омад. Меҳмонон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷойгир шудаанд. Ба ҳайати «Триполи» 18 футболбоз шомил аст.

Бегоҳи шанбе футболбозони Лубнон дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин карданд. Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Триполи» рӯзи сешанбеи 10-уми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шурӯъ мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” баъди анҷоми ин бозӣ тамошобинон метавонанд дар бозии лотереяи варзишӣ, ки аз рӯи билети даромад ба варзишгоҳ баргузор мешавад, ширкат варзанд. Се адад телефони мобилии “Samsung” бурдҳои ин лотереяи варзишӣ мебошад. Нархи як билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 25 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 15 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳайати «Триполи» дар бозӣ бо «Истиқлол»:

Дарвозабонҳо: Абдо Тафеҳ, Бассам Сулаймон.

Ҳимоятгарон: Абдуллоҳ Толиб, Ҳамза Алӣ, Саъд Юсуф, Абдуллоҳ Мағрибӣ, Эммануэл Оффори (Гана).

Нимҳимоятгарон: Аҳмад Мағрибӣ, Аҳмад Диаб, Валид Фаттоҳ, Муҳаммад Ҳанас, Халид Ҷасим, Абдуллоҳ Алӣ.

Ҳамлагарон: Муҳаммад Истанбелӣ, Мустафо Ал-Кассаа, Муҳаммад Мақсуд, Майкл Хелегбе (Гана), Абдул Азиз (Гана).

Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол», қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Ин бозӣ 8 март дар варзишгоҳи “Триполи”-и шаҳри Триполи бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор шуд. Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 55-ум, ҳисобро боз кард. Вале баъди се дақиқа Абдул Азиз, бозигари мизбонон, ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи “Триполи”-ро Валид Фаттоҳ дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд.

Пеш аз даври ниҳоӣ дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В” дастаи «Нафт Ал-Васат»-и Ироқ бо 12 имтиёз пешсаф мебошад. ”Ал-Файсалӣ”-и Урдун бо 11 имтиёз дар ҷойи дувум аст. “Триполи” бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудааст.

Ғолиби гурӯҳи “В” дар бозии даври охирин рӯзи 10 май миёни дастаҳои «Нафт Ал-Васат» ва «Ал-Файсалӣ» маълум хоҳад шуд. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ)

5

4

0

1

8-3

12

2

«Ал-Файсалӣ» (Урдун)

5

3

2

0

10-5

11

3

«Триполи» (Лубнон)

5

1

1

3

5-9

4

4

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

5

0

1

4

3-9

1

Даври 6-ум:

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

XS
SM
MD
LG