“Истиқлол”-и Душанбе дар даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ “Хуҷанд”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ин бозии марказии даври панҷум шоми панҷшанбеи 5 май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 1600 тамошобин баргузор шуд. Голҳои меҳмононро Петро Ковалчук ва Аҳтам Назаров ба самар расонданд.
Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки дар ҳамаи панҷ бозии мусобиқаи имсола пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 15 имтиёз дар ҷадвал дар мақоми аввал қарор дорад. “Хуҷанд”, ки паиҳам дар ду бозӣ шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз дар мақоми дувум аст.
Чор бозии дигари даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 7 ва 8 май баргузор мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум
«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:2
Голҳо: Петро Ковалчук, 67 (0:1). Аҳтам Назаров, 83 (0:2).
Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев («Истиқлол»).
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
5 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1600 тамошобин.
7 май (шанбе)
«Хайр» – «Регар-ТадАЗ»
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
«Ҳосилот» – «Парвоз»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ.
8 май (якшанбе)
«Барқчӣ» – ССКА «Помир»
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Равшан» – «Вахш»
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
5 |
5 |
0 |
0 |
20-6 |
15 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
5 |
3 |
0 |
2 |
4-6 |
9 |
3 |
«Хайр» (Ваҳдат) |
4 |
2 |
2 |
0 |
7-2 |
8 |
4 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
4 |
2 |
1 |
1 |
7-5 |
7 |
5 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
4 |
2 |
0 |
2 |
7-5 |
6 |
6 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
4 |
1 |
1 |
2 |
5-5 |
4 |
7 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
4 |
1 |
1 |
2 |
2-3 |
4 |
8 |
«Барқчӣ» (Душанбе) |
4 |
1 |
1 |
2 |
6-8 |
4 |
9 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
4 |
1 |
0 |
3 |
3-8 |
3 |
10 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
4 |
0 |
0 |
4 |
1-15 |
0 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 4 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3 тӯб.
Инчо Точикистон аст дустон ягон намуд парванда нест инро дониста бошед мошин гунахгор аст ^^тормозаш^^ кор накард тамом
ХОЗИРА ин чавонхо аз 13.14.15.. САР ШУДА ХАМИН ХЕЛ кодиран БАРОИ ОДАМ КУШТАН КИ ЯГОН калонсол кодир НЕСТ..ин кудакон аз телефон ТАМОМИ намуди одамкуши ВА ДИГАР вахшониятро бо ТАМОМИ намудхояш омухтаанд..ВА ЯГОН ЧОИ шаку шубха НЕСТ КИ ин кудакон асри 21 бемалол ба ХАМА вахшоният тайеранд. ЧИХЕЛЕКИ МО мебинем ВА МЕШУНАВеМ чандин борхо ин ходисахоро аз ДАСТИ ин кудакон.
ҳози даркор шава баҳрома гунаҳкор мекунан
Ин чи шурест дар даври к,амар мебинам , Х,ама олам пур аз фитнаву шар мебинам.
Ба Каримов: Эй хом ба ғалат нақл кунӣ гуфтаи Бедил, Ғавғои Каримуф чӣ кунад марди гадоро!