Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён дар Душанбе


Дар Душанбе аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён, ки 3 май шуруъ шуд, то рӯзи 7 май идома меёбад.

Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, 3 май оғоз ёфт, то рӯзи 7 май идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа беш аз 100 варзишгари донишҷӯ аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тайланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Ҷопон ва Эрон ширкат доранд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Акрам Наҷмиддинов, муовини сардовари ин мусобиқа, рӯзи 5 май хабар дод. Ӯ гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён барои аввалин бор баргузор шудааст.

Мусобиқаро Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) ва Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва Ассотсиатсияи ҷавонони варзишгари донишҷӯи ҷумҳурӣ доир кардаанд.

Ба иттилои оқои Наҷмиддинов дар ин мусобиқа мардон аз рӯи даҳ вазн (то 49, 52, 56, 60, 64, 69, 75, 81, 91 ва +91 кг) ва занон аз рӯи се вазн (то 51, 60 ва 75 кг) рақобат мекунанд.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ шоми имрӯз, 5 май, ба анҷом мерасанд. Рӯзи ҷумъаи 6 май қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Ғолибони мусобиқа дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 7 май барпо мегардад, маълум хоҳанд шуд.

“Ширкаткунандагони мусобиқа – варзишгарону мураббиён, доварон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бо ҷойҳои таърихӣ ва зебоманзари Тоҷикистон ошно мешаванд. Меҳмонон аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Боғи Ирам, Қалъаи Ҳисор ва дараи Варзоб дидан мекунанд”, - иброз дошт Акрам Наҷмиддинов

XS
SM
MD
LG