Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони футболбози тоҷик ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд


Мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт.

Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ мушарраф шуд.

Духтарони футболбози тоҷик бозии даври севумро бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд. Ин бозии гурӯҳи “А”, ки дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор шуд, бегоҳи панҷшанбеи 28 апрел ба поён расид.

Дар бозии дигари гурӯҳи “А” мунтахаби Эрон бар дастаи Бутан бо ҳисоби бузурги 7:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дувум шуд. Бутан бо се имтиёз дар ҷойи севум ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин – чорум - қарор гирифтанд.

Мунтахаби Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби хеле бузурги 9:0 шикаст дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро азони худ кард. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шуд. Непал бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.

Ба ин тартиб, бозиҳои ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ рӯзи шанбеи 30 апрел баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе, тимҳои Эрон ва Ҳиндустон дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, рақобат мекунанд.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1

28 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

Бутан – Эрон – 0:7

28 апрел. Ҳисор. Варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

12-0

9

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

5-5

4

3

Бутан

3

1

0

2

3-12

3

4

Қирғизистон

3

0

1

2

2-5

1

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Бангладеш – Непал – 9:0

28 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Бангладеш

2

2

0

0

12-1

6

2

Ҳиндустон

2

1

0

1

10-3

3

3

Непал

2

0

0

2

0-18

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – Эрон – Ҳиндустон. Ҳисор, варзишгоҳиАкадемияи «Истиқлол»

16:00 – Бангладеш – Тоҷикистон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бозии ниҳоӣ. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

XS
SM
MD
LG