Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти сангин барои чопи матолиби ифротгароӣ дар Интернет


Дар Узбакистон барои чопи матолиби динии дорои мазмуни ифротгароӣ аз 5 то 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Тибқи тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Узбакистон ворид шуда ва ин санад рӯзи 26 апрел аз ҷониби раисиҷумҳур Ислом Каримов имзо шуд, имкон дорад барои чопи мақолаи динии дорои мазмуни ифротгароӣ дар ВАО ва шабакаи Интернет муаллиф ба муддати аз 5 то 8 сол маҳкум ба зиндон шавад.

Ҳадаф аз тағйироти Кодекси ҷиноӣ ҷилавгирӣ аз афзоиши таблиғоти ифротгароӣ дар воситаҳои ахбори умум ва муҷозоти сангин барои паҳн кардани идеяи ифротгароии динӣ унвон шудааст.

Ба моддаи 244-1, яъне, "Тайёр кардан, паҳн кардан ва намоиш додани материалҳое, ки барои амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунад" ибораи "бо истифода аз воситаҳои ахбори умум ё шабакаи телекоммуникатсия, ҳамчунин, шабакаи ҷаҳонии Интернет" илова шудааст.

Ба қисмати дуюми ин модда ибораи "ҳамчунин, тайёр кардан, нигоҳ доштан ба хотири паҳнсозӣ ё намоиши нишонаҳою рамзҳои динию ифротгароӣ, созмонҳои террористӣ" ворид шудааст.

Қисмати сеюми ин модда тағйироти "бо истифода аз кумакҳои молии созмонҳои динӣ, ҳамчунин, аз давлатҳо, ташкилотҳо ва ашхоси хориҷӣ"илова шудааст.

Бар асоси тағйироти ворида ба Кодекси ҷиноии Узбакистон, агар мақомот дар матолибе,ки дар воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла, шабакаи Интернет мунташир шудааст, мазмуни динии ифротгароиро ошкор кунанд, муаллиф мумкин аст ба муддати аз 5 то 8 сол маҳкум ба зиндон шавад.

Зимнан, моддаи 244-1-и Кодекси ҷиноии Узбакистон дар қиболи шаҳвандоне истифода мешавад, ки ба далоили динӣ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG