Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД шиканҷаи Хушвақт Қаюмовро бо 16 ҳазор ҷуброн кард


Хушвақт Қаюмов чор сол боз ба худ наомада, аз суҳбат бо атрофиёнаш парҳез мекунад
Хушвақт Қаюмов чор сол боз ба худ наомада, аз суҳбат бо атрофиёнаш парҳез мекунад

Вазорати корҳои дохилӣ ба Хушвақт Қаюмов 16 ҳазор соомнӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохтааст. Ин сокини Ёвон чор соли пеш мавриди шиканҷаи як маъмури пулис қарор гирифта буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латту кӯб қарор гирифта буд, 16 ҳазор сомонӣ (муодили 2 ҳзаор доллар) ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кардааст. Гулчеҳра Холматова, вакили дифои Хушвақт, рӯзи 26 апрел ба Озодӣ гуфт, ин миқдор пул дар асоси қарори додгоҳ рӯзи 21 апрел пардохта шудааст.

Вале, ба қавли ӯ, 16 ҳазор сомонӣ барои табобату ба худ омадани Хушвақт Қаюмов кофӣ нест ва онҳо барои баррасии ин қазия дубора шикоят хоҳанд бурд. Ӯ гуфт, “дар ин муддат Хушвақт чӣ қадар азият кашидааст ва ин пул наметавонад ҳамаи он ранҷҳоро бипӯшонад. Мо шикоят мебарем, ки қазия аз сари нав баррасӣ ва ҷуброни зарари маънавӣ хеле зиёдтар аз ин таъин биашвад.”

Гулчеҳра Холматова гуфт, ки онҳо дар аввал барои аз Вазорати корҳои дохилӣ рӯёндани 300 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талош доштанд ва то кунун дар ҳамин талаби худ истодаанд. 16 ҳазор сомонӣ пардохти ҷуброни зарари маънавӣ ба Хушвақт Қаюмов аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъин шуда, бояд ба табобати Хушвақт истифода шавад.

Хушвақти 17-соларо Машраф Алиев, корманди умури дохилии ноҳияи Ёвон барои ба гардан гирифтани дуздӣ дар моҳи апрели соли 2012 ба Шӯъбаи умури дохилӣ оварда, латту кӯб мекунад. Бар асари фишору латту кӯб Хушвақт ба гуноҳи худ “иқрор” мешавад ва бегоҳи ҳамон рӯз дар оғили хонаашон худро бо ресмон меовезад. Волидонаш ӯро дар ҳолати беҳушӣ ресмон дар гарданаш пайдо мекунанд ва аз марг мераҳонанд.

Маҳмадсаид Қаюмов
Маҳмадсаид Қаюмов

Маҳмадсаид Қаюмов, падари Хушвақт, дар сӯҳбати ҳамагӣ як моҳи пешаш ба Озодӣ гуфта буд, агар писарашро аз даст медод, ҳаргиз худро намебахшид. Зеро худи ӯ Хушвақти 17-соларо барои муайян кардани гунаҳкорони дуздӣ, ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Ёвон оварда буд.

Ба гуфтаи Маҳмадсаид Қаюмов, касе аз пайвандон дар ҷараёни бозпурсии писараш, ки аз субҳ то шом дар утоқи нозири минтақавӣ Машараф Алиев давом кард, иштирок надошт. Муоинаи тиббӣ нишон додааст, ки дар ҷараёни ин бозпурсӣ Хушвақт мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифтааст.

Дар соли 2013 Машраф Алиев ба 7 соли зиндон маҳкум шуд ва ба гуфтаи пайвандони Хушвақт, баъд аз 2 солу ҳафт ӯ моҳ ба озодӣ баромад.

Қазияи латту кӯби Хушвахти 17-cола аз камтарин ҳолатҳое дар Тоҷикистон аст, ки дар додгоҳ собит шуд ва гунаҳкор пушти панҷара рафт. Аммо чанд соате, ки Хушвақт дар боздошт қарор дошт ва рӯзи дигар аз навмедӣ даст ба худкушӣ зад, равони ӯро шикаст.

Сӯҳбати тақрибан як моҳи хабарнигорони Озодӣ бо падари Хушвақт:

Падар: Худамро намебахшидам, ки писарамро ба милиса супурдам..
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 март тарҳи ислоҳот ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигаҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршуда ва судшаванда”-ро тасвиб кард. Бар пояи ин тағйирот, нигаҳ доштани гумонбаршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз се рӯз бештар иҷозат дода намешавад. Ислоҳоти ворида кормандони ҳифзи ҳуқуқро муваззаф мекунад, ки фавран боздоштшударо бо вакили дифоъ таъмин карда, сӯҳбати танҳо ба танҳои онҳоро муҳайё бикунанд.

Бар асоси тағйирот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф шуданд, ки ба ҳангоми боздошти гумонбарҳо, пайвандони онҳоро дар ҷараён бигузоранд. Инчунин, дар протокол ному насаби корманди масъули мақомот навишта мешавад.

XS
SM
MD
LG