Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати тимҳои футболи духтаронаи Тоҷикистону Эрон


Зебо Гасимова ва Маъсуми Ҷаҳончӣ
Зебо Гасимова ва Маъсуми Ҷаҳончӣ

Имрӯз, 26 апрел, дастаҳои мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистону Эрон бо ҳам рақобат мекунанд.

Аз 26 апрел то 1 май барои аввалин бор дар Тоҷикистон сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони синашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ барпо мегардад. Дар ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтаронаи Бангладеш, Бутан, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Эрон, Бутан ва Қирғизистон рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар майдони Академияи футболи «Истиқлол», дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор, соати 16:00 шуруъ мешаванд.

Дар нахустин даври мусобиқа духтарони футболбози тоҷик имрӯз, 26 апрел, бо ҳамсолонашон аз Эрон бозӣ мекунанд. Бозиҳо дар гурӯҳи «В» бо ширкати дастаҳои мунтахаби Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе барпо мегарданд.

Бар асоси дастури ин мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 30 апрел дар Алмосӣ ва Душанбе сурат мегиранд. Ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ, ки 1 май дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе соати 16:00 оғоз меёбад, рақобат мекунанд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ дастаҳои дар бозиҳои ниманиҳоӣ мағлубшуда барои ҷойи севум талош меварзанд.

Баъди анҷоми бозии ниҳоӣ ғолиб ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан бо медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Ҷоиза барои бозии боадолат - «Fair Play» - ба яке аз дастаҳо супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигар ва беҳтарин нишонзани мусобиқа бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.

Зебо Гасимова, сармураббии мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U- 14), дар як нишасти хабарӣ, ки рӯзи 25 апрел дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» барпо гардид, гуфт, “боиси хушҳолист, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузории чунин мусобиқаи бузургро оид ба футболи занона бар дӯши худ гирифтааст. Мақсади федератсия такон додан ба рушди футболи занона дар кишвар мебошад. Барои духтарони мо ин аввалин сабқати бузург дар ҳаёти онҳост. Дар назди дастаи мо вазифаи бузург ва мушаххас дар ин мусобиқа гузошта нашудааст. Вале, чунонки мегӯянд, сарбозе, ки орзуи генерал шуданро надорад, сарбози хуб нест. Табиист, ки мо дар ҳамаи бозиҳо тамоми қувваю маҳоратамонро комилан сарф мекунем. Хоҳиши мо ин аст, ки дар қисми ниҳоии ин мусобиқа Суруди миллии Тоҷикистон садо бидиҳад. Ягона ҷойи заъфи дастаи мо ин набуди таҷрибаи бозӣ ва кам будани вақт барои омодагӣ ба мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё мебошад.”

Дар ин нишасти хабарӣ Маъсуми Ҷаҳончӣ, сармураббии мунтахаби духтаронаи Эрон (U-14), иброз дошт, “ гурӯҳи мо бисёр хуб аст. Вале мо дар бораи рақибонамон иттилои кам дорем. Тими мо хеле хуб мебошад. Мо ба Душанбе барои ба даст овардани медалҳои тило омадаем. Бовар дорам, ки мо ба ин муваффақ мешавем.”

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

26 апрел (сешанбе)

13:00 – Қирғизистон – Бутан. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Тоҷикистон - Эрон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Ҳиндустон – Бангладеш. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

13:00 – Эрон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бутан – Тоҷикистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Непал – Ҳиндустон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – 1 «В» – 2 «А». Душанбе, варзишгоҳи«Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Бозии ниҳоӣ. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

XS
SM
MD
LG