Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, бо тими “Локомотив”-и Маскав, қаҳрамони дукаратаи Русия, бозии дӯстона мекунад. Дар ин бора ба “Озодӣ” Рустам Ҳакимов, суханӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, рӯзи 19 апрел хабар дод. Ӯ афзуд, ки роҳбарияти бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Локомотив” ҷиҳати баргузории ин бозии дӯстона ба мувофиқа расидаанд. Бозӣ тобистони имсол баъди анҷоми бозиҳои Премер-лигаи футболи Русия дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.
Мувофиқи маслиҳат Игор Черевченко, сармураббии “Локомотив”, ки зодаи Душанбе ва шогирди футболи тоҷик аст, ба бозии дӯстона бо “Истиқлол” бо ҳайати омехтаи бошгоҳаш меояд. Дар бораи санаи аниқи баргузории ин бозӣ иловатан хабар дода мешавад.
Бояд гуфт, ки “Истиқлол” қаблан дар Душанбе бо дастаҳои “Ҳассен-Кассел” ва “Шалке-04”-и Олмон, инчунин “Газовик”-и Оренбурги Русия бозиҳои дӯстона анҷом дода буд.
Дарвоқеъ, “Газовик”, ки дар ҳайати он узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ҳимоятгар Фарҳод Восиев бозӣ мекунад, имсол имконияти хуби ба даст овардани роҳхат ба Премер-лигаи Русияро дорад.
Ёдовар мешавем, бозии охирини дӯстонаи “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 20 июни соли гузашта бо тими “Газовик”-и Оренбург бо ҳузури 5500 тамошобин баргузор шуда буд. Дар ин бозӣ “Газовик” бо ҳисоби 3-2 ғолиб омад.