Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таэквондочиёни тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд


Алишер Гулов
Алишер Гулов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаи таэквондо WTF ду медали биринҷӣ ба даст оварданд, вале аз роҳхатҳои олимпӣ маҳрум шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобӣ дар риштаи таэквондо WTF барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки 16-17 апрел дар Филиппин баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар сабқати мардон Алишер Гулов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 кило ҷойи севумро гирифт ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Қияо Сен аз Чин ғолиб шуд. Руслан Жапаров аз Қазоқистон мақоми дувумро азони худ кард.

Моҳрӯ Ҳалимова
Моҳрӯ Ҳалимова

Дар сабқати занон Моҳрӯ Ҳалимова дар рақобатҳо дар вазни беш аз 67 кило севум шуд ва медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн Сорн Сивмей аз Камбоҷа ғолиб шуд. Алора Кисти аз Филиппин мақоми дувумро гирифт.

Ду варзишгари дигари тоҷик Фарҳод Неъматов (-80 кило) ва Фарзона Раҷабова (-49 кило) дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Дар мусобиқоти интихобӣ дар Филиппин 98 варзишгар аз 36 кишвар иштирок дошт. Мардон дар 4 вазн – 58, -68, -80, +80 кг ва занон низ дар 4 вазн - -49, -57,-67 ва +67 кг рақобат карданд. 16 нафар мардону занон, ки дар ин мусобиқот ҷойҳои 1-2-юмро гирифтанд ва намояндагони 10 кишвар мебошанд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ шуданд. Аз ҳама бештар Қазоқистон 3 роҳхат гирифт. Тайван, Тайланд, Узбакистон ва Чин дуроҳхатӣ, Камбоҷа, Муғулистон, Урдун, Филиппин ва Эрон якроҳхатӣ ба даст оварданд.

Исматулло Хоҷаев, раиси Федератсияи таэквондо WTF дар Тоҷикистон, гуфт, варзишгарони тоҷик дар ин намуд аз охирин имконияти худ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ истифода карда натавонистанд ва аз роҳхатҳо ба Рио-2016 маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Лондон-2012 Тоҷикистонро дар ин ришта ду нафар – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов – намояндагӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG