Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати “Истиқлол” ва “Хуҷанд” барои Ҷоми олии Тоҷикистон


Рӯзи якшанбеи 3 апрел бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон байни «Истиқлол» ва «Хуҷанд» баргузор мешавад.

Бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Cуперҷоми Тоҷикистон-2016 рӯзи якшанбеи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, баргузор мешавад.

Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ҳафтум баргузор мешавад. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии ин ҷом аст. «Истиқлол» панҷ маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 5 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯз шудааст.

Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ба ду голи “Истиқлол”, ки дар нимаи аввали бозӣ Хуршед Маҳмудов (дақиқаи 40-ум) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 44-ум) заданд, бозигари “Хайр” Меҳроҷиддин Музаффаров дар нимаи дувум (дақиқаҳои 69-ум ва 87-ум) бо ду гол посух дод. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4-3 ғолиб омаданд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Ҷоми олии Тоҷикистон (2010-2015):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ –

4:3

XS
SM
MD
LG