Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шанси охирини Ҷаҳон Қурбонов


Ҷаҳон Қурбонов
Ҷаҳон Қурбонов

Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс, дар даври ниманиҳоӣ дар Чин  мағлуб шуд.

Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов рӯзи 31 март дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи Осиё ва Уқёнус, ки дар Чин ҷараён дорад, дар даври ниманиҳоӣ ба нокомӣ дучор шуд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 91 кило қувваозмоиро ба муштзани Чин бохт.

Ҳамакнун Ҷаҳон боз як шанси ба даст овардани роҳхати олимпиро дорад. Ӯ рӯзи 2 апрел барои ҷойи севум бо намояндаи Австралия вориди рақобат мешавад. Агар муштзани тоҷик дар ин қувваозмоӣ пирӯз шавад, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро хоҳад шуд.

Дар ин бора ба Озодӣ Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ афзуд, ки дар ин мусобиқаи литсензионӣ аз байни даҳ муштзани тоҷик танҳо ба Ҷаҳон Қурбонов муяссар шудааст, то муборизаро барои роҳхати олимпӣ идома бидиҳад.

Мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар Чин, ки 25 март оғоз ёфта буд, то 2 апрел идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.

Рӯзи 1 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -49, -52, -56, -69, -75, -81 кг ва рӯзи 2 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -60, -64, -91, +91 кг ва миёни занон дар вазнҳои -51, -60, -75 кг сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG