Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар Тифлис ноком шуданд


Гуштигири тоҷик Саидҷалол Саидов
Гуштигири тоҷик Саидҷалол Саидов

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар Тифлиси Гурҷистон шикаст хӯрданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 25-27 март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор шуд, боз ба нокомӣ дучор шуданд. Ин панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷудочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Мусобиқа миёни мардонону занон дар 7 вазн сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду гуштигири маъруфи кишвар -Фарҳод Раҳимов ва Саидҷалол Саидов - намояндагӣ карданд.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 48 гуштигир буд, дар даври аввал аз Асаф Чен аз Исроил мағлуб гашт.

Саидҷалол Саидов бошад, дар вазни то 100 кило (ҳамагӣ 28 гуштигир) нахустин қувваозмоияшро ба Ҷавод Маҳҷуб аз Эрон бохт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 389 варзишгар (226 мард ва 163 зан) аз 67 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, ҷудочиён, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳо ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Нидерланд бо се медали тилло ва ду медали нуқра мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Гурҷистон бо ду медали тилло, як медали нуқра ва чаҳор медали биринҷӣ дувум шуд. Мунтахаби Бразилия бо як медали тилло, як медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар Тифлис:

Мардон

60 кг
1. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)
2. ДАШДАВАА Амартувшин (Муғулистон)
3. ГАНБАТ Болдбаатар (Муғулистон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)

66 кг
1. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
2. БАСИЛ Фабио (Италия)
3. САНДАЛ Синан (Туркия)
3. СМАГУЛОВ Жансай (Қазоқистон)

73 кг
1. ТАТАЛАШВИЛИ Нугзари (Гурҷистон)
2. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)
3. ГИГАНИ Фридон (Гурҷистон)
3. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)

81 кг
1. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
2. ГУГАВА Леван (Гурҷистон)
3. МОУСТОПОУЛОС Роман (Юнон)
3. ОТГОНБААТАР Ууганбаатар (Муғулистон)

90 кг
1. ВАН Т ЕНД Ноел (Нидерланд)
2. НЮМАН Маркус (Шветсия)
3. ДИАС Тселио (Португалия)
3. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)

100 кг
1. ПЕТСЕК Мартин (Шветсия)
2. МАҲҶУБ Ҷавод (Эрон)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)
3. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)

+100 кг
1. САССОН Ор (Исроил)
2. МЕЙЕР Рой (Нидерланд)
3. САРНАТСКИ Мачиҷ (Лаҳистон)
3. СИЛВА Рафаел (Бразилия)

XS
SM
MD
LG