Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯз дар Тоҷикистон фаро расид


Соли нави ҳиҷрӣ-хуршедии 1395 ба Тоҷикистон қадам гузошт ва ҳамакнун дар саросари кишвар маросимҳои наврӯзӣ идома доранд.

Наврӯз - лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз ва оғози соли нави форсӣ - рӯзи якшанбеи 20-уми март, дуруст соати 09:30- ба вақти Душанбе дар Тоҷикистон фаро расид.

Хурсанд Ибоддинов, масъули Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «бар асоси тақвими милодӣ ва хуршедӣ, имрӯз 20 март, соати 09:30 дақиқа шабу рӯз баробар шуд, ки ин лаҳзаи фаро расидани соли нави форсӣ - Наврӯз - мебошад.»

Хурсанд Ибоддинов афзуд, ки бо дар назардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид шуд. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан яку ним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.

Тантанаҳои наврӯзӣ ҳамакнун дар саросари Тоҷикистон оғоз шудаанд ва барномаҳои аслии наврӯзӣ рӯзҳои оянда дар Данғара ва шаҳри Хуҷанд баргузор мешаванд. Барномаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 21 март аз як барномаи рангин дар "Наврӯзгоҳ" оғоз ёфта, рӯзи 22 март бо сайругашти оммавии идона дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр идома хоҳад ёфт.

Рӯзи 23 март дар боғҳои фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо, Боғи Устод Рӯдакӣ, Кӯли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав низ чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешаванд. Шаҳрдории Душанбе дар Наврӯзи имсола ба беҳтарин паҳлавонони мусобиқаи гуштии наврӯзӣ мошини сабукрав ва ба ғолиби пойгаи аспдавонӣ аспи зоти тоҷикӣ тақдим хоҳад кард.

Наврӯз дар Тоҷикистон баъд аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми муносиби худро ба даст овард ва аз як ҷашни мардумӣ то ба ҷашни давлатӣ эътироф гардид. Ҳамакнун барои таҷлил аз ин ҷашни суннатӣ дар тақвими Тоҷикистон чаҳор рӯз расман истироҳат эълон шудааст.

Дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО - муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва дар моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ дар иҷлоси 64-уми худ қарореро ба тасвиб расонид, ки минбаъд 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалӣ Наврӯз таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG