Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Тоҷикистон барои бозӣ бо Австралия эълон шуд


Ситоди мураббиёни мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳайати дастаро дар бозӣ муқобили мунтахаби Австралия эълон кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 муқобили мунтахаби Австралия, ки 24 март дар шаҳри Аделаида баргузор мешавад, маълум шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 18 бозигар дохил шудааст. Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин бозӣ имрӯз, 17 март, шурӯъ намуд. Даста дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрин кард.

Рӯзи шанбеи 19 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳавопаймо ба Дубай ва аз он ҷо ба Аделаида парвоз мекунад.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи оянда, 24 март, дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар мебошад.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозӣ муқобили мунтахаби Австралия:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Хуҷанд»), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров ҳама аз «Истиқлол»), Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Аҳмадов, Эраҷ Раҷабов (ҳама аз «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Комил Саидов («Барқчӣ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»).

XS
SM
MD
LG