Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбоздухтарони Шри-Ланка ва Молдив ба Тоҷикистон намеоянд


Дастаҳои Шри-Ланка ва Молдив аз ширкат дар мусобиқоти минтақавӣ дар Тоҷикистон даст кашиданд.

Дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 14-солаи Шри-Ланка ва Молдив аз иштирок дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё дар минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ, ки аз 26 апрел то 1 май дар Тоҷикистон барпо мегардад, даст кашиданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 17 март ба “Озодӣ” хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, ҳамакнун дар ин мусобиқоти минтақавӣ теъдоди дастаҳо дуто коҳиш ёфт ва ҳафт даста дар ду гурӯҳ рақобат мекунад. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон ва Бутан, ба гурӯҳи “В” дастаҳои Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон дохиланд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо дар як давра аз рӯи системи даврӣ баргузор мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ рақобат мекунанд. Дастаҳои мағлубшуда бошанд, барои ҷойи севум талош меварзанд.

Бозиҳои марҳилаи минтақавии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар майдонҳои варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ва Академияи бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор баргузор мешаванд.

Сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 14-сола. Минтақаи Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

Тақвими бозиҳо:

Даври 1-ум

26 апрел (сешанбе)

Тоҷикистон – Эрон

Қирғизистон – Бутан

Ҳиндустон – Бангладеш

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

Бутан – Тоҷикистон

Эрон – Қирғизистон

Непал – Ҳиндустон

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон

Бутан – Эрон

Бангладеш – Непал

Даври ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

1 «А» – 2 «В»

1 «В» – 2 «А»

1 май (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG