Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, имрӯз, 15 март, бозии даври севуми Ҷоми AFC-2016-ро дар гурӯҳи “В” бо тими «Нафит Ал-Васат»–и Ироқ дар Теҳрон анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Пос», соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.
Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”, пеш аз бозӣ бо ироқиҳо рӯзи 14 март дар як нишаст ба хабарнигорон чунин иброз доштааст: "Моро бозии мушкил бо рақиби хуб дар пеш аст. Мо тамоми саъю кӯшишамонро барои ба даст овардани натиҷаи мусбат равона мекунем. Мо бозиҳои охири ироқиҳоро тамошо кардем ва «Нафит Ал-Васат»–ро хуб омӯхтем. Ин дастаи хеле ҷиддист ва бозигарони моҳир дорад. Дар оғози Ҷоми AFC мо ноком шудем, вале имкон дорем, ки вазъиятро ислоҳ намоем. Мо комилан умед дорем, ки ба даври баъдӣ роҳ меёбем."
Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ муқобили «Нафит Ал-Васат»:
Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев;
Ҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Давронҷон Эргашев;
Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Акмал Холматов, Нозим Бобоҷонов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев;
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Александр Каблаш.
Бозии даври севуми Ҷоми AFC-2016-ро дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои «Нафит Ал-Васат» –и Ироқ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон Суҳбир Сингҳаз Сингапур доварӣ мекунад. Арун Пилаи ва Асит Саркор, ҳарду аз Ҳиндустон, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Сауд Алӣ Ал-Адба аз Қатар вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Авнӣ Абдулкарим Саид Ҳусейн аз Урдун нозири доварон ва Муҳаммадризо Касроӣ Аз Эрон комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.
“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи»-и Лубнон рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, дастаи «Истиқлол» дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 бозиро дар майдони худ бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун, барандаи дукаратаи Ҷоми AFC, бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. «Истиқлол» дар даври дувум дар меҳмонӣ аз дастаи мизбон - «Триполи», собиқ қаҳрамон ва барандаи дукаратаи Ҷоми Лубнон, бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” дастаи «Ал-Файсалӣ» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Нафит Ал-Васат» ва “Триполи” бо 3- имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойгоҳҳои дувуму севум қарор доранд. “Истиқлол” бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.
Ҷоми АFC-2016
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1. |
«Ал-Файсалӣ» |
2 |
1 |
1 |
0 |
2-1 |
4 |
2. |
«Нафит Ал-Васат» |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-2 |
3 |
3. |
«Триполи» |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-2 |
3 |
4. |
«Истиқлол» |
2 |
0 |
1 |
1 |
1-2 |
1 |
Даври 3-юм
15 март (сешанбе)
«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Даври 4-ум
12 апрел (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)
Даври 5-ум
26 апрел (сешанбе)
«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)
Даври 6-ум
10 май (сешанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)