Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷалол Саидов дар Ҷоми Африқо ҳафтум шуд


Саидҷалол Саидов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи бози Ҷоми Африқо оид ба ҷудо дар Марокаш мақоми ҳафтумро касб кард.

Паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов дар мусобиқаи бози Ҷоми Африқо оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 12-13 март дар шаҳри Касабланкаи Марокаш барпо гардид, мақоми ҳафтумро соҳиб шуд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 килограмм, ки ҳамагӣ 21 гуштигир ширкат дошт, дар даври аввал озод буд. Дар даври дувум бар рақибаш Филип Авитиалкараз (Бритониёи Кабир) пирӯз шуд. Вале баъдан Саидҷалол аз Доменико Ди Гуидаи итолиёвӣ шикаст хӯрд. Сипас паҳлавони тоҷик қувваозмоиро ба Луис Боуякоуб (Алҷазоир) бохт ва дар натиҷа дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифт.

Дар мусобиқаи бози Ҷоми Африқо 251 гуштигир (163 мард ва 88 зан) аз 47 кишвар ширкат дошт. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро танҳо Саидҷалол Саидов намояндагӣ кард. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Тоҷикистон, варзишгарони Беларус (3 мард ва 2 зан), Латвия (2 мард), Озарбойҷон ( 16 мард) ва Русия (7 марду 4 зан) иштирок доштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 1 медали тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Испания (1-1-2) дувум ва тими Алҷазоир (1-1-2) севум шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми бози Африқо:
Мардон

60 кг
1. ЧАММАРТИН Людовик (Швейтсария)
2. ЯШУЕВ Ислом (Русия)
3. МАНСИНҲО Гонсало (Португалия)
3. ОГУЗОВ Алберт (Русия)

66 кг
1. БАСИЛ Фабио (Италия)
2. МАРИАТС Александр (Фаронса)
3. БОУЧЕР Матиас (Фаронса)
3. ХАМЕТОВ Ислом (Русия)

73 кг
1. НАРТЕЙ Эммануел (Гана)
2. РАМИРЕЗ Хавер (Испания)
3. ГОНЗАЛЕЗ МАРТИНЕЗ Даснел (Испания)
3. ЙЕЖЕК Яромир (Ҷумҳурии Чех)

81 кг
1. УНГВАРИ Аттила (Маҷористон)
2. ЛАППИНАГОВ Аслон (Русия)
3. МАРКОНСИНИ Маттео (Италия)
3. СТСИАШЕНКО Александр (Беларус)

90 кг
1. БЕНЕМАДӢ Абдураҳмон (Алҷазоир)
2. МЕҲДИЙЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. ҚУРБОНОВ Раҳим (Озарбойҷон)
3. ХАЛЛ Гари (Бритониёи Кабир)

100 кг
1. ФЛЕТЧЕР Бенҷамин (Бритониёи Кабир)
2. ДИ ГУИДА Доменико (Италия)
3. БОУЯКОУБ Луис (Алҷазоир)
3. ИВАНОВ Филипп (Русия)

+100 кг
1. КОКАУРИ Ушангӣ (Озарбойҷон)
2. МЕДЕУФ Седрик (Фаронса)
3. АБДЕЛЛАОУӢ Мустафо (Марокаш)
3. САРКИСЯН Степан (Русия)

Ёдовар мешавем, Саидҷалол Саидов моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи бози Ҷоми Африқо дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий барандаи медали биринҷӣ гардида буд. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Словения ва Сенегал ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале Саидҷалол аз Патрик Мосери суисӣ шикаст хӯрд. Баъдан паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум Стефан Ҷурисичи сербиягиро мағлуб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Порсол Саидҷалол Саидов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи май дар Кувайт баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст.

Бояд гуфт, ки Саидҷалол Саидов бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон доир намуд, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини кишвар дар соли 2015-ум дохил шудааст.

Саидҷалол Саидов барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG