Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Sky News: Ифшои номи 22 ҳазор аъзои "Давлати исломӣ"


Шахсияти ҳазорон нафар аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ошкор шудааст. Ин маълумотро яке аз аъзои ҷудошудаи ин гурӯҳ дар ихтиёри шабакаи хабарии Sky News гузоштааст.

Шабакаи Sky News эълон кард, ки аз тариқи яке аз "аъзои пешин ва ҷудошудаи"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ", шахсият, нишона, шумораи телефон ва тамос бо хонаводаи ҳазорон узви ДОИШ, ба дасти ин шабакаи хабарӣ расидааст.

Ин шабакаи хабарии бритониёӣ рӯзи 9-уми март дар матлабе, ки дар вебсайти худ нашр кард, мегӯяд, ки шахсияти ин афрод дар флешкорти яке аз аъзои ҷудошудаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ихтиёри як рӯзноманигор гузоштааст. Ин узви пешини гурӯҳи "Давлати исломӣ" ин флешкортро аз қароргоҳи "пулиси махфӣ"-и ин гурӯҳ рабудааст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, созмонҳои истихборотӣ шахсияти бархе аз ин афродро аз қабл мешинохтанд. Аммо шахсияти бархе дигар аз Аврупои шимолӣ ва Амрико то Африқо ва Ховари Миёна, зоҳиран барои нахустин бор аст, ки фош мешавад.

Санадҳое, ки гуфта мешавад, ҳувияти 22 ҳазор узви "Давлати исломӣ" аз 51 кишвари ҷаҳон дар онҳо аст, формҳои истихдомии гурӯҳи "Давлати исломӣ" будааст, ки дар онҳо ба суолҳо посух дода шудааст. Гурӯҳи хун, номи хонаводагии модар ё сатҳи ошноӣ ва саводнокӣ бо шариат, аз ҷумлаи суолҳо дар ин варақаҳо будааст.

Sky News мегӯяд, мақомҳои бритониёиро аз ончӣ ба дасташ расидааст, хабардор кардааст. Мақомҳои давлатӣ дар Лондон то ба ҳол ба ин хабарҳо вокуниш нишон надодаанд. Яке аз мудирони пешини Созмони истихбороти Бритониё дар Твиттери худ навиштааст, ки ин санадҳо "манбаи фавқулодда арзишманде барои таҳлил" хоҳанд буд.

Аз шахсе, ки флешкортро рабудааст, "Абу Ҳомид" ном бурад мешавад, ки онро дар Туркия ба як рӯзноманигор додааст. Ин фард қаблан узви "Артиши озод" буда ва баъдан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст. Абу Ҳомид иддао кардааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Раққаи Сурия ба мушкилоти гуногун рӯбарӯ шуда ва аъзои он дар ҳоли ҳаракат ба сӯи биёбонҳо будаанд.

XS
SM
MD
LG