Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар” ва “Хуҷанд” дар финали Ҷоми ФФТ


«Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» ба бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2016, ки рӯзи чоршанбеи 9-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ду даста - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд – ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ мушарраф шуданд.

Дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Регар-ТадАЗ» бо ССКА «Памир»-и Душанбе рақобат кард. Замони асосӣ ва изофии бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони шаҳри Турсунзода омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ, ки хеле пуршиддат гузашт, “Хуҷанд” дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Ду голи хуҷандиҳоро Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонд, Сафаралӣ Каримов ва Фарҳод Тоҳиров якголӣ заданд. Голҳои қӯрғонтеппагиҳоро Нуъмонҷон Ҳакимов ва Эҳсон Бобоев вориди дарвозаи “Хуҷанд” карданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ рӯзи ҷумъа, 11-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» барои Ҷоми ФФТ талош мекунанд. Бозии ҳалкунанда соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Пеш аз бозии ниҳоӣ, соати 15:00, дастаҳои ССКА «Помир» ва «Вахш» барои ҷойи севум мубориза мебаранд.

Ҷоми ФФТ-2016. Бозиҳои ниманиҳоӣ

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:5

Силсилаи пеналтӣ: Бахтиёр Чориев – 0:0 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Маҳмадалӣ Содиқов – 0:0 (тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд). Ҳикматулло Расулов – 0:1. Фурӯғ Қодиров – 0:1 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Комрон Турсунов – 0:1 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Фирдавс Чақалов – 1:1. Меҳроҷиддин Музаффаров – 1:2. Рустам Толибов – 2:2. Дороб Эргашев – 2:3. Давронҷон Тухтасунов – 3:3. Бахтиёр Азимов – 3:4. Фирӯз Раҳматов – 4:4. Алишер Шарифов – 4:5. Фаррух Фузайлов – 4:5 (тӯб ба тири дарвоза бархӯрд).

ССКА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фаррух Фузайлов, Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Павел Калугин (Маҳмадалӣ Содиқов, 59), Комрони Мирзонаҷот, Андоҳ Наполеон, Парвиз Қашқаров, Шамсиддин Қосимов (Рустам Толибов, 118), Давронҷон Тухтасунов, Шодибек Ғаффоров (Фирӯз Раҳматов, 65).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Алишер Шарифов, Фарҳод Холбеков (Акуффо Гершон, 57), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ҳикматулло Расулов, Фирӯз Қараев, Комрон Турсунов, Азиз Бегов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 57).

Огоҳонида шуданд: Фирӯз Қараев, Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Тухтасунов, Фирдавс Чақалов, Фирӯз Раҳматов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

9 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Вахш» – 4:2

Голҳо: Сафаралӣ Каримов, 28 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 40 (1:1). Дилшод Бозоров, 63 (2:1). Фарҳод Тоҳиров, 68 (3:1). Дилшод Бозоров, 74 (4:1). Эҳсон Бобоев, 83 (4:2).

Ҳасан Рустамов («Хуҷанд», 14) ва Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш», 76) тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонда натавонистанд.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алишер Тӯйчиев, Соҳибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Сафаралӣ Каримов (Руслан Раҳматов, 77), Ҳасан Рустамов (Саидҷон Шарифов, 72), Илҳом Баротов (Марифҷон Марифбоев, 85), Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Шероз Абдуллоев, 90+2), Дилшод Бозоров (Мубинҷон Муъминов, 90).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Фатҳулло Бобоев, Фирӯз Ризомов, Холмурод Назаров, Мухтор Ортиқов, Бахтиёр Қаландаров (Тоҳир Зоиров, 18), Худойдод Узоқов (Умарҷон Шарифов, 72), Умедҷон Шарифов, Ҷамолиддин Зардиев, Эҳсон Бобоев, Нуъмонҷон Ҳакимов (Собир Холматов, 65), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Нуъмонҷон Ҳакимов, Тоҳир Зоиров («Вахш»), Ҳасан Рустамов, Илҳом Баротов, Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

9 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.

11 март (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Оғози бозӣсоати 15:00

ССКА «Помир» – «Вахш»

Бозии ниҳоӣ

Оғози бозӣсоати 18:00

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG