Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Тоҷикистон дар Конфаронси масоили Афғонистон


Мулоқоти мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Афғонистон ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо
Мулоқоти мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Афғонистон ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо

Қарор аст ҳайате аз Тоҷикистон дар Конфаронси байналмилалӣ роҷеъ ба Афғонистон дар шаҳри Брюссел ширкат кунад.

Вафо Ниятбеков, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 8 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин мавзӯъ дар мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Абдулғафур Орзу, сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе ва Маргус Солнсон, муовини раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар рӯзи гузашта матраҳ гардидааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Ниятбеков, “дар ҷараёни мулоқот даъватномаи муштараки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба манзури ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирон, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар ш.Брюссел дар назар аст, супорида шуд”.

Интизор меравад, Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба Афғонистон масъалаҳои кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва аз лиҳози иқтисодӣ худкифо баррасӣ намояд.

Зимнан, дар чанд соли ахир ҳамоишҳои байналмилалие дар робита ба Афғонистон баргузор шуда ва мушкилоти ин кишвари минтақаро ба баррасӣ гирифтаанд.

Аммо нишасти байналмилалӣ бо ширкати намояндагони 70 кишвар ва ниҳодҳои сармоягузори Афғонистон дар соли 2010 дар Кобул баргузор шуда буд.

Дар конфаронси мазкур дабири куллии СММ Бан Ки Мун, дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен ва вазирони корҳои хориҷии беш аз 40 кишвар ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар ин нишаст Ҳамрохон Зарифӣ, вазири вақти корҳои хориҷӣ намояндагӣ карда буд. Нишасти мазкур бузургтарин нишасти байналмилалӣ дар Кобул дар тайи 30 соли охир унвон шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон дар тӯли 1400 км марзи муштарак дорад ва бештари хатару таҳдидҳо ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Афғонистон аст.

Агар дар гузашта қочоқи маводи мухаддир ба унвони хатари умда аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ҳамин тавр кишварҳои минтақа дониста мешуд, аммо ҳамакнун дар ин авохир таҷаммӯъи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар манотиқи шимоли Афғонистон таҳдиди мустақим ба амнияти Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Се рӯзи пеш гурӯҳи мусаллаҳи 9 нафара дар дидбонгоҳи Панҷ”-и ин марз бо нируҳои Тоҷикистон вориди даргирӣ шуданд, ки дар натиҷа як марзбони тоҷик кушта шуд.

Ҳамакнун мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки амалиёти поксозии ин гурӯҳ дар ҷазирачаҳои дарёи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG