Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки имсол барои бори 25-ум барпо мегардад, рӯзи 8 апрел оғоз меёбад. Қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти имсола рӯзи 10 март дар назар аст.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар мавсими нав дар мусобиқоти лигаи олӣ 11 даста ширкат меварзад. Ба даҳ дастаи порсолаи лигаи олӣ ғолиби сабқати соли гузаштаи лигаи аввал - «Ҳосилот»-и Фархор – ҳамроҳ мешавад.
Турсунзода – мизбони бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон
Дар бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Суперҷоми Тоҷикистон-2016, ки қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими соли 2015 – “Истиқлол”-и Душанбе ва ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии соли гузашта – “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд - рӯбарӯ мешаванд, бо тасмими кумитаи иҷроияи ФФТ рӯзи 3 апрел дар майдони бетараф – варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода - барпо мегардад.
Бозӣ барои Ҷоми олӣ имсол барои ҳафтумин бор доир хоҳад шуд. Пештар панҷ бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015) дастаи «Истиқлол» ва танҳо як маротиба (соли 2013) тими «Равшан»-и Кӯлоб Ҷоми олиро ба даст овардаанд.
Роман Пилипчук - сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)
Роман Пилипчук, мутахассиси 48-солаи украинӣ, ки муҷаввизи мураббигии дараҷаи «Pro» дорад ва ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дохил аст, бо тасмими кумитаи иҷроияи ФФТ сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Салоҳиддин Ғафуровро иваз кард.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон моҳи октябри соли равон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 байни футболбозони синнашон то 19-сола, ки дар Баҳрайн баргузор мешавад, ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашӣ рӯзи 30 апрел маълум мешаванд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) бо раҳбарии сармураббӣ Роман Пилипчук дар Ҷоми Иттиҳод-2016 моҳи январ дар Санкт-Петербург дар ҳамаи чаҳор бозӣ аз дастаҳои Русия (1:2), Эстония (1:4), Латвия (2:3) ва Қазоқистон (2:3) шикаст хӯрда буд. Тоҷикистон ягона дастае буд, ки дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ ягон имтиёз ба даст оварда натавонист ва дар миёни 8 даста дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифт.
Ёвари Мубин Эргашев дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон Роман Пилипчук ҳамчун ҳамлагар дар дастаҳои «Динамо»-и Маскави Русия, «Металлург»-и Донетски Украина, инчунин дар се тими Исроил –бошгоҳҳои «Маккабӣ», ки Герслия, Нетания ва Петах-Тикваро намояндагӣ мекунанд, бозӣ кардааст.
Фаъолияти мураббигиаш дар дастаи «Металлург»-и Донетск шурӯъ шудааст. Вай дар ситоди мураббиёни бошгоҳҳои футболи Украина - «Кривбасс» ва «Заря» кор кардааст. Ӯ соли 2008 ёвари сармураббии «Шинник»-и Ярославл буд. Соли 2009 сармураббии дастаи «Дачия»-и Молдова, соли 2010 мураббии калони «Балтика»-и Калининград, дар мавсими солҳои 2011-2012 мураббии «Динамо»-и Маскав, ёвари Сергей Силкин, буд. Соҳои 2012-2013 дар вазифаи сармураббии «Олимпик»-и Донетск фаъолият дошт. Пеш аз ба Душанбе омадан Пилипчук дар бошгоҳи «Спартак»-и шаҳри Юрмалаи Латвия кор кардааст.