Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А” барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко, ки яке аз даврҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Вай дар ин мусобиқа, ки барои бори 20-ум бо ширкати ҳудуди 400 варзишгар аз 16 кишвар дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск -баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни зери 57 килограмм мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Ербулат Бойботиров (Қазоқистон) ғолиб шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ Владислав Бурдро аз Беларус шикаст дод.
Ин мусобиқа барои самбочии тоҷик дар мавсими нав аввалин мусобиқаи байналмилалӣ ба шумор мерафт. Бояд гуфт, ки соли 2015-ум барои Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, соли пурбарор буд. Вай дар панҷ мусобиқаи ҷаҳониву қитъавӣ ширкат карда, чаҳор медали тилло ва як медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Қазоқистон ва Русия ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Бузургтарин дастоварди порсолаи Акмалиддин медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш мебошад. Маҳз барои ин комёбӣ ӯ бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Акмалиддин Каримов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бузургтарин мусобиқоти имсола барои ман чемпионати ҷаҳон оид ба самбо мебошад, ки рӯзҳои 10-14 ноябр дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор мешавад. Орзуи ягонаи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст.”
Акмалиддин Каримови 25-сола, ки аз сини дувоздаҳсолагӣ ба самбо таҳти роҳбарии Муҳаммадшариф Сулаймонов, мураббии варзидаи гуштӣ, машғул аст, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Вай ду бор бо медалҳои нуқра, ду бор бо медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон ва борҳо бо Ҷоми ҷаҳон ва унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, дар раддабандии ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо нашр кардааст, дар вазни зери 57 кило дар ҷойҳои аввал қарор гирифтааст.
Акмалиддин Каримов ба рӯйхати даҳгонаи варзишгарони беҳтарини соли 2015, ки онро Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа тартиб додааст, дохил шудааст.