Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар севум шуд, Ораз барои тило мубориза мебарад


Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ
Анвар Юнусов. Акс аз бойгонӣ

Ораз Авзалшоев, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Минск ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Муштзани тоҷик Ораз Авзалшоев дар мусобиқаи XIV байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Виктор Ливенсев, ки дар пойтахти Беларус – Минск – ҷараён дорад, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 56 килограмм дар даври ниманиҳоӣ бар Билол Миҳамдӣ аз Тунис пирӯз шуд. Рақиби Ораз дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки шоми ҷумъаи 5 феврал баргузор мешавад, Дмитрий Асанов аз Беларус мебошад. Дар мавриди пирӯзӣ Ораз бо медали тилло ва агар мағлуб шавад, бо медали нуқра сарфароз мегардад.

Муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар вазни то 60 килограмм дар даври аввал бар Карен Тонаканян аз Арманистон ғолиб омад. Рақиби дувумаш Вазген Сафарянс аз Беларус ба иллати латхӯрӣ аз сабқат даст кашид. Вале Анвар Юнусов, ки дар даври ниманиҳоӣ аз Егор Қурбонов аз Беларус шикаст хӯрд, бо медали биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори чордаҳум доир шудааст, беш аз 100 варзишгар аз 17 кишвар ширкат дорад.

Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 6 феврал дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, “муштзанҳои тоҷик ба мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки аз 23 март то 3 апрел дар шаҳри Киняни Чин барпо мегардад, омодагӣ мегиранд.”

XS
SM
MD
LG