Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвими бозиҳои Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе


Тақвими бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2016 дар минтақаи Душанбе тасдиқ шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ-2016-ро дар минтақаи Душанбе тасдиқ кард. Мусобиқа рӯзи чоршанбеи 10-уми феврал шурӯъ шуда, бо даври ҳафтуми бозиҳо 25-уми феврал ба анҷом мерасад.

Дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе ҳамагӣ ҳашт даста – панҷ дастаи лигаи олӣ ва се дастаи лигаи аввал - ширкат меварзад. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд, яъне ҳар як даста бо дастаи дигар рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи пешакӣ чаҳор дастаи беҳтарин муборизаро барои Ҷоми ФФТ дар қисми ниҳоии мусобиқот идома медиҳад.

Ҷоми ФФТ-2016. Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Даври 1-ум

10 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Хайр»

11 феврал (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Локомотив»

15:00 – ССКА «Помир» – «Истиқлол»

Даври 2-юм

12 феврал (ҷумъа)

10:30 – «Помир» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Кӯктош»

13 феврал (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

15:00 – «Локомотив» – ССКА «Помир»

Даври 3-юм

14 феврал (якшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Помир»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Регар-ТадАЗ»

15 феврал (душанбе)

10:30 – ССКА «Помир» – «Хайр»

15:00 – «Истиқлол» – «Локомотив»

Даври 4-ум

16 феврал (сешанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Локомотив»

15:00 – «Хайр» – «Истиқлол»

17 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Помир» – ССКА «Помир»

15:00 – «Барқи тоҷик» – «Кӯктош»

Даври 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

10:30 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – ССКА «Помир» – «Барқи тоҷик»

19 феврал (ҷумъа)

10:30 – «Истиқлол» – «Помир»

15:00 – «Локомотив» – «Хайр»

Даври 6-ум

20 феврал (шанбе)

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

15:00 – «Помир» – «Локомотив»

21 феврал (якшанбе)

10:30 – «Барқи тоҷик» – «Истиқлол»

15:00 – «Кӯктош» – ССКА «Помир»

Даври 7-ум

24 феврал (чоршанбе)

10:30 – «Локомотив» – «Барқи тоҷик»

15:00 – «Хайр» – «Помир»

25 феврал (панҷшанбе)

10:30 – ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

15:00 – «Истиқлол» – «Кӯктош»

Бояд тазаккур дод, ки панҷумин давраи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ – барпо мегардад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи аввали мусобиқот, ки минтақавист, аз 5-ум то 25-уми феврал дар вилояти Суғд ва аз 10-ум то 25-уми феврал дар минтақаҳои Хатлону Душанбе баргузор мешавад. Давраи дувум – марҳилаи ниҳоӣ – аз 1-ум то 12-уми март дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Дар мусобиқот баои дарёфти Ҷоми ФФТ-2016 дастаҳои лигаҳои олӣ, якум ва дуюми Тоҷикистон ширкат меварзанд. Барои иштирок дар мусобиқоти вилояти Суғд дастаҳои кишварҳои хориҷӣ низ роҳ дода мешаванд.

Дастаҳое, ки дар мусобиқоти вилоятҳои Суғду Хатлон ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро касб мекунанд, инчунин, чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар давраи хотимавии мусобиқот дастаҳо ба ду гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим мешаванд.

Дастаҳое, ки бо ягон сабаб аз ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ даст мекашанд, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ муҷозот мешаванд.

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ ва медалҳои тилло сарфароз мегардад. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро ишғол мекунанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо мукофотонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки Ҷоми ФФТ барои панҷумин бор баргузор хоҳад шуд. Ду бор “Истиқлол”-и Душанбе ва якборӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр”-и Ваҳдат Ҷоми ФФТ-ро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG