Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сари "Маликаи хушхиром"-ро чӣ хӯрд?


Сари "Маликаи хушхиром"-ро чӣ хӯрд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Масъулони телевизиони “Сафина” мегӯянд, ки барномаи “Маликаи хушхиром”-и Орзу Исоев дар пайи эроди бинандагон қатъ шуда, муҳлати пахши “Ногуфтаҳо”-яш ба охир расидааст.

Бо иҷрои рақси фолклории тоҷикӣ Тара ном як ҷавондухтари амрикоӣ дар даври чоруми озмуни “Маликаи хушхиром”-и шабакаи “Сафина” баҳои баланд гирифт ва ғолиб шуд. Тара ҳоло бесаброна интизори намоиши рақсаш аз тариқи телевизион аст, аммо зоҳиран ин интизорияш бенатиҷа хоҳад буд.

Раҳбарияти телевизиони “Сафина” рӯзи 13 январ дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе эълон карданд, ки пахши сабқати рақси беҳтарин аз ҷадвали барномаҳои ин шабакаи фарҳангӣ пурра бардошта шудааст. Зевар Давлатзода - раҳбари телевизиони “Сафина” гуфт, “муаллифи ин барнома ман ҳастам ва пешниҳоди ман буд, ки Орзу Исоев лоиҳаро пеш барад ва вақте эродҳо нисбат ба барнома зиёд шуд, тасмим гирифтем ин барномаро бубандем. Мардуми одӣ хеле зиёд ба мо занг мезананд ва мепурсанд. Ман ҳам дар ин барнома ягон камбуди ҷиддӣ надидам.”

Зевар Давлатзода
Зевар Давлатзода

“Маликаи Хушхиром” - шоу-барномае, ки ҳадафаш тарғиби санъати рақси тоҷик ва дарёфти истеъдодҳо унвон мешавад, тайи ду моҳи ахир ҳар шоми якшанбе тавассути телевизиони "Сафина" пахш мешуд.

Якбора аз ҷадвали пахш бардошта шудани “Маликаи хушхиром” ва “Ногуфтаҳо” - ду барномаи Орзу Исоев дар ҳафтаҳои ахир боис ба сарусадоҳо дар миёни тамошобинон шуд. Хабарҳое ҳам буд, ки “Маликаи хушхиром”гӯё дар пайи дастури махсуси мақомот аз ҷадвали пахш гирифта шудааст. Аммо масъулони телевизиони “Сафина” мегӯянд, ки қатъи барнома ин тасмими худи онҳо буд.

Раҳбарияти телевизиони “Сафина” аз эроди мушшахаси кадом расона ё нафаре ном набурданд. Вале қаблан дар бархе аз рӯзномаҳои мустақилу давлатӣ шеваи баргузории “Маликаи хушхиром”, махсусан сӯҳбатҳои доварон интиқод шуда буд. Бархе аз бинандаҳо низ аз он

Тара
Тара

шикоят карданд, ки зимни баҳогузорӣ доварони барнома аз истилоҳҳое мисли “кайф накардам”, “не, нашудӣ” истифода мекарданд, ки он ба гуфтаи онҳо ба гуфтору ахлоқи наврасон таъсири хуб нахоҳад дошт.

Абдухалил, як бинандаи “Сафина” гуфт: “Ин барнома ҳам хусусияти хуб дошт ва ҳам баъзе камбудҳо. Масалан, як нафаре, ки нав аз русто омадааст ва шояд танҳо дар мактаб рақсидааст, устодони рақс ба онҳо хеле мураккаб мефаҳмонданд ва худи раққосаҳо ҳам наврасони 15-16 сола буданд. Худи омадани онҳо ба озмуни рақс дар ин муҳити мо як қаҳрамонӣ аст ва ҳакамон фақат ба таври мастер-класс, бо лаҳни хуб ба онҳо бояд мефаҳмонданд, на ин ки ту дар ин ҷо ин хел накардӣ, нашудӣ мегуфтанд.”

Қатъи барномаи сабқати рақс - “Маликаи хушхиром” дар ҳолест, ки устодони санъати рақс мегӯянд, дар шароити феълӣ тарғиби ҳунари рақс аз тариқи чунин барномаҳо муҳим аст. Саидалӣ Гадоев, яке аз доварони барномаи “Маликаи хушхиром" ва раҳбари гурӯҳи рақсии наврасон дар гурӯҳи “Лола” мегӯяд, “ҳоло дар ҷумҳурии мо яккарақоса

Бинои ТВ "Сафина"
Бинои ТВ "Сафина"

ангуштшумор аст. Бинобар ин барои Тоҷикистон чунин барномаҳо дар тамоми телевизионҳо бояд бошад. Ба ҳунармандони нав, чеҳраҳои нав кор дорем. Ман дар ин озмун бо чашми худам дидам, ки духтарҳо оҳиста-оҳиста ба ин санъат ворид мешуданд. Ин як шоу буд, дар он ҷо бояд механдиданд, мегиристанд.”

Фароғат Азизова, устоди дигари рақс ҳам гуфт: “Албатта, ин як лоиҳаи нав буд, иштибоҳҳо мешаванд, вале фикр мекунам мардуми мо намефаҳманд, ки вақте ба чунин озмун меоянд бояд аз мактаби рақс гузашта бошанд. Бинобар ин балет-майстерҳои ҳирфаӣ зимни баҳодиҳӣ онҳоро дарк намекунанд. Аз пупаки тоқӣ то пояфзоли раққоса бояд мувофиқ ба рақси ӯ бошад. Мумкин, мешавад, ки доварон калимаи нодуруст интихоб карда баҳогузорӣ мекунанд, аммо дигар эродҳои онҳо дуруст аст.”

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Орзу Исоев яке аз аввалин хабарнигорони телевизиони “Сафина" аст. Аммо ӯ бо нишони эътироз соли 2010 аз ин шабакаи фарҳангӣ рафт. Баъди раҳбари телевизион таъин шудани Зевар Давлатзода дар тақрибан як соли пеш, Орзу дубора ба ин телевизион баргашт ва ба таҳияи барномаҳо машғул шуд. То бозгашт ӯ дар радиои “Имрӯз”фаъолият мекард ва бо барномаи пахши мустақим дар бораи мушкили сокинон маъруфият дошт, вале дар пайи фишори мақомот соле пеш тарки ин радио кард.

XS
SM
MD
LG