Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Бозгашта" ва Ди Каприо дар “Golden Globe”


Филми “Бозгашта” ва Леонардо Ди Каприо барандагони ҷоизаи “Golden Globe”, яке аз мӯътабартарин ҷоизаҳои синамо шуданд.

Дар маросими тақдими ҷоизаҳои “Golden Globe” ё худ курраи тилоӣ, ки рӯзи якшанбе дар Беверли Ҳилзи ИМА барпо шуд, филми “Бозгашта” ё худ "The Revenant" сазовори ҷоизаи филми беҳтарин, коргардони он Алеҳандро Инариту беҳтарин коргардон ва бозандаи нақши асосии ин филм Леонардои Дикаприо беҳтарин офарандаи нақши қаҳрамон дониста шуданд.

Кейт Винслет, ки дар филми маъруфи “Титаник” дар канори Дикаприо нақши асосии занро бозидааст, барои нақши ёрирасон дар филми “Стив Ҷобс” ба курраи тилоӣ сазовор гашт. Мисли ӯ Силвестр Сталонеи 69-сола ҳам барои беҳратин нақши ёрирасон курраи тилоӣ гирифт. Маросими тақдими ҷоизаҳои “Golden Globe”-ро дар ин ҷо тамошо кунед:

http://www.imdb.com/awards-central/golden-globes

XS
SM
MD
LG