Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуҷуди ҳудуди 13 ҳазор маҳбуси мазҳабӣ дар зиндонҳо


Бино ба гузориши Гурӯҳи мудофеъони мустақили ҳуқуқҳои инсони Тошканд, дар зиндонҳои Ӯзбакистон 12 ҳазору 800 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба далоили динӣ ҳабс шудаанд.

Тибқи гузориши “Вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон дар соли 2015”, ки бар пояи мусоҳибаҳо бо пайвандони маҳбусон ва гузоришҳои мудофеъони ҳуқуқи башари маҳаллӣ таҳия шудааст, дар зиндонҳои ин кишвар 12 ҳазору 800 нафар нигаҳдорӣ мешаванд.

Сурат Икромов, раҳбари ин гурӯҳ ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ин шумори зиндониён аст, ки аз соли 2002 то ба ҳол маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ шудаанд.

Ҷаноби Икромов мегӯяд: “Тибқи гузоришҳои ба мо расида, танҳо дар соли гузашта ба сабабҳои сиёсию динӣ ҳудуди 300 нафар маҳкум ба зиндон шудаанд”.

Дар гузориши Гурӯҳи мудофеъони мустақили ҳуқуқҳои инсони Тошканд теъдоди маҳбусони сиёсӣ дар Ӯзбакистон 24 нафар арзёбӣ шудааст.

Ба гуфтаи Сурат Икромов, то ҳол дар маҳбасҳои Ӯзакистон зиндониёни сиёсию мазҳабӣ мавриди шиканҷа қарор гирифта ва дар сурати поёни маҳкумияташон маъмурони зиндонҳо бо айбномаи сохтаи “нақзи тартиботи дохилии ҳабсхона” муддати ҳабси ин афродро тамдид мекунанд.

Гуфта мешавад, бар асоси қавонини Ӯзбакистон, маҳбусоне, ки ба далоили динӣ маҳкум шудаанд, мавриди афв қарор намегиранд.

Бештари ин маҳбусон барои ҳамкорӣ ё узвият дар созмону гурӯҳҳои тундрави исломӣ, назири “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва “Нурҷиҳо” равонаи зиндон шудаанд. Аммо дар соли гузашта садҳо тан аз шаҳрвандони Ӯзбакистон ба иттиҳоми узвият ё робита бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” маҳкум ба ҳабс шудаанд.

Сурат Икромов гуфт: “Умдатан ин афрод муҳоҷирони корие ҳастанд, ки аз Русия, Туркия, кишварҳои Аврупо ва Амрико ба ватан бозгаштаанд. Хадамоти амният ва Вазорати корҳои дохилии Ӯзбакистон пайвандони онҳоро тарс дода ва тақозо кардааст, ки барои дифоъи наздикони худ вакили мудофеъ нагиранд ва аз боздошти онҳо ба созмонҳои ҳуқуқи башару расонаҳо хабар надиҳанд".

Ба эътиқоди коршиносон, бекории оммавӣ ва мавориди озору таъқиб дар Ӯзбакистон шаҳрвандони ин кишварро водор кардааст, то аз Ӯзбакистон фарор кунанд ё ба суфуфи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия бипайванданд.

XS
SM
MD
LG