Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акмалиддин Каримов: Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст


Акмалиддин Каримов
Акмалиддин Каримов

Cоли 2015-ум барои Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, соли пурбарор гардид. Ӯ дар панҷ мусобиқаи ҷаҳониву қитъавӣ ширкат карда, чаҳор медали тилло ва як медали нуқра ба даст овард.

Cоли 2015-ум барои Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, соли пурбарор гардид. Вай дар панҷ мусобиқаи ҷаҳониву қитъавӣ ширкат карда, чаҳор медали тилло ва як медали нуқра ба даст овард.

Ӯ дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Қазоқистон ва Русия, ғолиб шуда, инчунин ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Ва аммо бузургтарин дастоварди порсолаи Акмалиддин медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни зери 57 кило дар Марокаш мебошад. Маҳз ин дастовард ӯро ба рӯйхати 21 варзишгари беҳтарин, ки бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мукофотонида шуданд, шомил кард.

Ба гуфтаи Акмалиддин Каримов сабқати аз ҳама хотирмон барояш дар соли 2015 қувваозмоии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев маҳсуб мешуд. Вай дар ин мусобиқа бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Алмаз Сулаймонови қазоқро бо ҳисоби бузурги 10-0 шикаст дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Акмалиддин Каримов 5-уми январи соли 1990 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз синни дувоздаҳсолагӣ ба самбо таҳти роҳбарии Маҳмадшариф Сулаймонов, мураббии варзидаи гуштӣ, машғул аст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад.

Акмалиддин Каримов дар суҳбат боРадиои Озодӣ гуфт, “ман ду бор бо медалҳои нуқра, ду бор бо медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон ва борҳо бо Ҷоми ҷаҳон ва унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, дар раддабандии ҷаҳонӣ, ки онро Федератсияи байналмилалии самбо ҳамасола нашр мекунад, дар вазни зери 57 кило ду бор дар ҷойи аввал қарор гирифтаам. Орзуи ягонаи ман қаҳрамони ҷаҳон миёни бузургсолон шудан аст.”

Акмалиддин Каримов ду соли ахир ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, ки онро Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа тартиб медиҳад, ворид мешавад.

Акмалиддин Каримов: Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00

XS
SM
MD
LG