Видеои латту кӯби як марде дар либоси занона ё "транссексуал" ҳамроҳи ду "ошиқаш" аз сӯи маъмурони пулиси шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон, ба яке аз наворҳои сербинанда дар шабакаи "Телеграм" табдил шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки кормандони пулиси Тошканд ҳангоми тафтиши яке аз фоҳишахонаҳо ин марду ҳамроҳонашро пайдо кардаанд.
Дар навор саҳнаи воридшавии ногаҳонии маъмурони пулис бо либоси одӣ ба утоқи фоҳишахона низ ба чашм мехӯрад, ки онҳо дар аввал марде дар либоси занона ва ду ҳамроҳашро дашном дода, сипас мавриди латту кӯб қарор медиҳанд. Бино ба иттилои манобеи бахши узбакии Озодӣ, тафтиши ғайримунтазираи пулис дар яке аз фоҳишахонаҳои ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд анҷом шуда ва як тан аз кормандони пулис ҷараёни тафтишро наворбардорӣ кардааст.
Дар ин навор садои марде, ки дар тан таҳпӯши занона дорад, ба гӯш мерасад. Ӯ ба кормандони пулис зориву илтиҷо мекунад, ки раҳояш кунанд, чун ӯ оиладор аст.
Аммо кормандони милиса ин мардро бо пой зада ва таҳдид кардаанд, ки "ҳоло туро бо ҳамин либос ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебарем". Ду ҷавони ҳамроҳи ин марди дар либоси занонаро низ маъмурони пулис бо зарбаи сахти мушт ба чеҳраашон зада аз пой афтондаанд.
Ин навор намунаи на танҳо шиканҷаю зӯроварии пулис дар муқобили боздоштшудаҳо, балки вуҷуди афроди мутааллиқ ба гурӯҳи нодири ҷинсӣ дар Узбакистон аст. Қонунҳои Узбакистон, барои намояндагони тамоюлҳои ғайримуқаррарии ҷинсӣ муҷозот пешбинӣ кардааст, аммо ҳамзамон, тибқи ин қонунҳо истифодаи зӯру озор алайҳи ин афрод аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ манъ аст.
Бо ин вуҷуд, намояндагони гурӯҳҳои ғайримуқаррарии ҷинсӣ дар Узбакистон мавриди таҳқир, озор ва латту кӯби на танҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки сокинони маҳаллӣ қарор мегиранд.
Аз ин рӯ, ин афрод талош мекунанд, ки мансубияти ҷинсии худро пинҳон карда ва умдатан, бо тақозои падару модар ба никоҳи муқаррарӣ розӣ шаванд. Аз сӯи дигар, онҳо ба зиндагии дугонаи худ идома медиҳанд.
То ҳол барои Радиои Озодӣ сарнавишти баъдии ин марде дар либоси занон ва “ошиқон”-и ӯ, ки дар як фоҳишахона дар Тошканд боздошт шудаанд, рӯшан нест.