Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайниддин Зидан сармураббии "Реал" шуд


Зайниддин Зидан - аз футболбозони шинохтаи ҷаҳон ва мутахассиси франсуз ба ҳайси мураббии дастаи "Реал"-и Мадрид таъин шудааст. Аммо то ҳол мӯҳлат ва ҷузъиёти қарордоди ӯ маълум нест.

Зайниддин Зидан, аз футболбозони маъруфи ҷаҳон ва мутахассиси франсуз, сармураббии дастаи “Реал”-и Мадрид таъин шудааст. Флорентино Перес - раҳбари даста дар як нишасти хабарӣ дар бораи ин таъинот хабар додааст. Аммо то ҳол мӯҳлат ва ҷузъиёти қарордоди Зидан бо “Реал” маълум нест.

Зайниддин Зидан сармураббии "Реал" шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Рафаэл Бенитес, сармураббии қаблии ин даста ба далели бозии на чандон хуби “Реал” ва дастовардҳои ночизи он дар мавсими 2015-2016-и мусобиқоти қаҳрамонии футболи Испания аз мақомаш барканор шуд. Зимнан, Рафаэл Бенитес дар моҳи июни соли гузашта ба ҷойи Карло Анчелотӣ, мутахассиси итолиёвӣ сармураббии дастаи “Реал” таъин шуда буд. Дар ин муддат расонаҳо аз ихтилофи назарҳои сармураббӣ бо Криштиану Роналду ва дигар футболбозони номии даста хабар дода буданд.

Қаблан Зайниддин Зидани 44-сола мураббии дастаи ҷавонони “Реал” бо номи “Реал Кастиля” буд.

Ӯ аз 2001 то 2006 ба унвони футболбози дастаи “Реал” дар мусобиқот иштирок карда, дар ҳайати ин даста қаҳрамони Испания ва барандаи Ҷоми бошгоҳи қаҳрамонҳои Аврупо гардидааст.

Ҳоло, пас аз 18 даври мусобиқоти қаҳрамонии Испания, дастаи “Реал” бо 37 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. Дар зинаҳои аввалу дуюм дастаҳои “Атлетико” (41 имтиёз) ва “Барселона” (39 имтиёз) ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG