Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонон мусовӣ шуд


Бозии санҷишии мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бо ҳайати омехтаи наврасону ҷавонони кишвар бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи зери 22-солаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омодагӣ мебинад, аввалин бозии санҷиширо бо ҳайати омехтаи наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи кишвар бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Мунтахаби ҷавонон ба Ҷоми Иттиҳод-2016 дар Душанбе омодагӣ мебинад. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён доранд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Роман Пилипчук, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22), ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста 24 бозигарро даъват кардааст. Имрӯз, 30 декабр, марҳилаи аввали омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2016 ба анҷом мерасад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии мусобиқаи XXIV байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои ҷавонони Латвия, Русия ва Эстония рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова дохиланд.

Бар асоси тақвими бозиҳо, ки аз 17 то 23 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи “В” бо дастаи мизбон – Русия - анҷом медиҳад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 19 январ бо мунтахаби Эстония ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ 21 январ бо мунтахаби Латвия вориди рақобат мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт- Петербурги Русия барпо мегарданд.

Мувофиқи дастури Ҷоми Иттиҳод-2016 ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол менамоянд, барои ҷойи панҷум рақобат мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охир қарор мегиранд, барои ҷойҳои ҳафтум-ҳаштум талош хоҳанд кард.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа 17 январ соати 18:30 ба вақти маҳаллӣ ва маросими пӯшидашавӣ 23 январ соати 21:00 баргузор мешавад.

Ҷоми Иттиҳод-2016

Гурӯҳи «А»: Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова.

Гурӯҳи «В»: Латвия, Эстония, Русия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2016:

Даври 1-ум

17 январ (якшанбе)

14:00 – Беларус – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Молдова
18:30 – Латвия – Эстония
21:00 – Русия – Тоҷикистон

Даври 2-юм

19 январ (сешанбе)

14:00 – Молдова – Қирғизистон
16:15 – Қазоқистон – Беларус

18:30Тоҷикистон – Эстония

21:00 – Русия – Латвия

Даври 3-юм

21 январ (панҷшанбе)

14:00 – Беларус – Молдова
16:15 – Қирғизистон – Қазоқистон
18:30 – Латвия – Тоҷикистон
21:00 – Эстония – Русия

23 январ (шанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Бозии ниҳоӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG