Ҷон Блаттер- раиси Федератсияи футболи ҷаҳон ё ФИФА ва Мишел Платинӣ-раиси Федератсияи футболи Афрупо ё УЕФА барои 8 сол аз ширкат дар ҳамаи фаъолиятҳои марбут ба футбол маҳрум шуданд. Ин тасмим баъд аз моҷароҳо дар ФИФА гирифта шуд.
Дар ин бора Кумитаи одоби ФИФА дар Тсюрих тасмими худро 21 декабр эълон кард.
Ин ду раҳбар ҷарима шуда буданд ва моҳи октябр онҳоро 90 рӯз аз ин фаъолиятҳо маҳрум карда буданд, зеро расидагӣ ба фаъолияти онҳо идома дошт. Он вақт расидагӣ ба пардохти 2 миллион доллар ришва ба Платинӣ идома дошт. ФИФА соли 2011 ин маблағро ба Платинӣ додааст.
Ҳам Блаттер ва ҳам Платинӣ мегӯянд, ки чунин кореро накардаанд.