Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои Ҷоми Александр Кирсанов


​Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, футболбози маъруф, ҷараён дорад.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ футболбози дастаҳои “Помир” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа) ва “Ирригатор” (Душанбе), дар пойтахти кишвар, дар маҷмааи варзишии Оҷонсии «Тоҷикгосстандарт», то рӯзи 27 декабр идома хоҳад кард.

Мусобиқа байни дастаҳои ҳирфаӣ, алоқамандон ва собиқадорон сурат гирифтааст. Дар гурӯҳи ҳирфаӣ бозигароне ширкат меварзанд, кидар лигаи касбии футзал, дар серияҳои «А» ва «В», бозӣ мекунанд. Инчунин ба ин гурӯҳ ҳамагуна дастаҳои хоҳишманд, ба ҷуз бозигароне, ки дар лигаҳои олӣ, аввал ва дувуми Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 иштирок кардаанд, роҳ дода шудаанд.

Ин гурӯҳ аз 13 даста иборат аст, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Соро компания», «Амонатбонк», «Билайн», «Формула успеха», «Ҷаҳоннамо» ва «Бонки миллӣ», ба гурӯҳи «Б» «Антикоррупсия», «Тачоб», «Самандар», «Газпром», «Вавилон», «Динамо» ва «ДИСИ Инвест» дохиланд.

Дар гурӯҳи «Алоқамандон» шаш даста - Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), «Динамо», «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Инфосис», Боғи марказии фарҳангу фароғат ва «Рӯдакӣ» - барои ҷом мубориза мебаранд.

Дар гурӯҳи “Собиқадорон” 13 даста дар ду гурӯҳ рақобат мекунад: гурӯҳи «А»: Дастгоҳи марказии ВКД, Академияи «Истиқлол», «Умед», «Маҳаллаи 33-юм», «Бонки миллӣ» ва «Рӯдакӣ», гурӯҳи «Б»: «Ирригатор», «Қазоқон», «Авиатор», «Динамо», «Гимназияи ХПВ», «Сипар» ва «Ҳисор».

Ғолибон ва дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, инчунин, беҳтарин бозигарони мусобиқа бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар “Газпром” бо ҳисоби бузурги 10-5 пирӯз шуд, бо Ҷоми Александр Кирсанов сарфароз гардид. Дастаи “Бонки миллӣ” барои ҷойи севум бар тими «Амонатбонк» бо ҳисоби 10:2 ғолиб омад.

Порсол дар сабқати собиқадорон тими дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Академияи футболи «Истиқлол» бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд. Дастаи собиқадорони «Ирригатор» барои ҷойи севум тими «Авиатор»-ро бо ҳисоби 8:4 шикаст дод.

XS
SM
MD
LG