Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бег Сабур раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд


Бег Сабур - сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон раиси нави Федератсияи бокси кишвар интихоб шуд ва дар ин мақом Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз кард.

Дар як конфронси Федератсияи бокси Тоҷикистон, ки рӯзи 7 декабр дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ баргузор шуд, Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, раиси Федератсияи бокси кишвар интихоб шуд. Вай дар ин вазифа Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз намуд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Бобоҷон Маҳмадрасулов дар ин конфронс дар бораи фаъолияти Федератсияи миллӣ дар давраи ҳисоботӣ маърӯза кард. Дар ҳисобот таъкид шуд, ки бузургтарин дастоварди муштзанҳои тоҷик ин медали биринҷии Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпии соли 2012-ум дар Лондон маҳсуб мешавад.

Вале баъдан дар ин конфронс Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, аз вазифааш истеъфо дод. Вакилони конфронс ӯро ба вазифаи дабири кулли Федератсияи бокси кишвар интихоб намуданд.

Бег Сабур соли 2004 муовини вазири алоқаи Тоҷикистон ва пас аз ду сол муовини аввали вазир таъин шуда буд. Баъдан ба ҳайси муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон кор карда, бахши алоқаи кишварро зери назорат дошт. Ва аммо дар пайи тақсим шудани Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба ду идораи мустақил Бег Сабурӣ сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъин гардид.

Бег Сабур ҳамзамон раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» мебошад. Академияи хизматчиёни давлатии назди президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодист.

Бег Сабури 53-сола оиладор, соҳиби чаҳор писар мебошад. Писари дувумаш Сиёвуш Зуҳуров, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муштзан аст.

Бо ибтикори Бег Сабур моҳи октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Моҳи августи соли равон ӯ дар шаҳри Кӯлоб ҳавзи шиноварӣ бунёд намуд, ки ин иншооти замонавӣ низ аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқа бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.

Дар барномаи ба вакилони конфронс пешниҳодкардаи раиси нави Федератсияи бокси Тоҷикистон зикр шудааст, ки минбаъд ба рушди ин навъи маъмул ва олимпии варзиш дар кишвар бо ҷалби сармоягузорон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Вазифаи аслие, ки алъон дар назди федератсия гузошта шудааст, ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад.

XS
SM
MD
LG