Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи соли 2016


Ҷаласаи ситоди корӣ
Ҷаласаи ситоди корӣ

Рӯзи 5 декабр дар Душанбе ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд.

Рӯзи 5 декабр дар Душанбе ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро баргузор шуд.

Дар ҷаласаи ситоди корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки рӯзи 5 декабр дар Душанбе таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, барпо гардид, зикр шуд, ҳоло варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштии озод ва юнониву румӣ, дзюдо ва таэквондо ВТФ барои ширкат дар мусобиқоти литсензионӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 омодагӣ мебинанд.

Ҷаноби Абдуллозода гуфт, “варзишгарони тоҷик аз таъсиси Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, рӯҳбаланд гардида, ба натиҷаҳои баланд ноил шуданд. Дар айни ҳол 20 нафари онҳо барои гирифтани ин ҷоиза ба Комиссияи ҳукуматӣ пешниҳод гаштаанд. Дар байни онҳо гурзандоз Дилшод Назаров мавқеи хоса дорад. Вай дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин мақоми дувумро касб намуда, инчунин дар Чин ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст. Дарвоқеъ, Дилшод Назаров то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро гардидааст. Ҳамчунин натиҷаҳои нишондодаи насли нави варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ байни наврасону ҷавонон, ба мисли Хуршед Маҷидов ва Фаррухи Салим (ҳарду – дзюдо), Малика Лагутенко (тирандозӣ), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) ва дигарон қобили қайд аст.”

Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зикр намуд, ки барои татбиқи “Барномаи мусоидат ба омодагии номзадҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро” аз ҳисоби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ ва сарпарастон маблағи зарурӣ ихтисос дода шудааст.

“Мо аз варзишгароне, ки стипендияҳои олимпӣ мегиранд ва дар мусобиқоти литсензионӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд, ба монанди Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова, Искандари Рустам ва дигарон натиҷаҳои дилхоҳро чашмдорем,”- иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев дар назар аст, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 се квота ихтисос медиҳад. Аз рӯи квота ду нафар дар риштаи шиноварӣ ва як нафар оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро соли оянда дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро намояндагӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG