Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон ба Тошканд мераванд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё роҳхат гирифтанд.

Дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё роҳхат гирифтанд.

Дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 10 то 21 феврали соли 2016 дар пойтахти Узбакистон шаҳри Тошкандбарпо мегардад, роҳхат гирифтанд.

Соҳибони роҳхатҳо баъди натиҷагирии даври сеюми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ, ки 16 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, маълум гаштанд. Дар бозии аввали даври сеюми мусобиқа дастаи мунтахаби Афғонистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 5:3 шикаст дод. Дар бозии охирини сабқати гурӯҳи “А” мунтахаби Тоҷикистон аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, дар ду бозии пешин дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 6:5 ғолиб омада, бозиро бо дастаи Туркманистон бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом дода буд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Қирғизистон бо панҷ имтиёз ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми дуюмро касб намуд. Ҳарду даста соли оянда дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ иштирок хоҳанд кард.

Вале дастаҳои Афғонистон (бо чаҳор имтиёз ҷойи севум) ва Туркманистон (бо ду имтиёз ҷойи чаҳорум) аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Мо аз он хушҳолем, ки сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи Марказӣ дар кишвари мо доир шуд. Ин рӯйдоди таърихист. Кишвари мо барои аввалин бор мизбони чунин мусобиқаи пурнуфуз – сабқати интихобии чемпионати Осиё оид ба футзал - гардид. Фикр мекунам, ки ин мусобиқа барои рушди футзал дар кишварамон мусоидат хоҳад кард. Вазифае, ки дар наздамон гузошта шуда буд ба ҷо овардем, яъне ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифтем.”

Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ. Минтақаи Марказӣ. Даври 3-юм

Афғонистон – Туркманистон - 5:3

Голҳо: Алӣ Мададӣ, 6 (1:0). Алӣ Фаёз, 12 (2:0). Алӣ Мададӣ, 14 (3:0). Мақсад Султонов, 16 (3:1). Алӣ Мададӣ, 20 (4:1). Қурбонов, 24 (4:2). Қурбонгулӣ Аширов, 26 (4:3). Ҳусайн Ходимӣ, 33 (5:3).

Сардовар: Хамис Ҳасан (Имороти Муттаҳидаи Араб).

15 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 80 тамошобин.

Тоҷикистон - Қирғизистон –– 2:3

Голҳо: Нурҷон Ҷетибоев, 12 (0:1), Шавқат Ҳалимов, 20 (1:1), Руслан Ермеков, 25 (1:2), Еркин Табалдиев, 30 – ба дарвозаи худ (2:2), Руслан Ермеков, 38 (2:3).

Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Фирӯз Бекмуродов – Мансур Мамедбобоев, Меҳрубони Тиллозода, Некрӯз Алимаҳмадов, Дилшод Саломов.

Сардовар: Жанг Юзе (Чин).

16 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии«Қасри варзиш». 1200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қирғизистон

3

1

2

0

6-5

5

2

Тоҷикистон

3

1

1

1

11-11

4

3

Афғонистон

3

1

1

1

12-11

4

4

Туркманистон

3

0

2

1

7-9

2

Эзоҳ: Тоҷикистон бо дарназардошти бозии байни ҳамдигар аз Афғонистон пеш гузаштааст.

XS
SM
MD
LG