Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи Марокаш


Набимуҳаммад Хоркашов
Набимуҳаммад Хоркашов

​Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.

Паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби якшанбеи 15 ноябр ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило мақоми дувумро касб кард. Набимуҳаммад пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Артём Осипенко аз Русия, ки барои чаҳорумин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд, шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ин дувумин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш ба шумор меравад. Паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов 14 ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Булғористон, Русия ва Қазоқистон ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон) шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон ва довари мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби кишвар оид ба самбои варзишӣ шаш гуштигир - Ардашер Исмоилов (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Хушқадам Хусравов (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашов (беш аз 100 кг) ва оид ба самбои размӣ як нафар – Табрезшо Парпишоев (74 кг) – дохил буданд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулло, довари дараҷаи байналмилалӣ, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони беш аз 80 кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.

Ба ҷуз Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашов, натиҷаи гуштигири дигари тоҷик Муҳаммадризо Қурбонзода низ қобили қайд аст. Ӯ дар мусобиқаи самбои варзишӣ дар вазни то 100 кг мақоми панҷумро касб кард.

Вале дар се рӯзи мусобиқа – 13 -15 ноябр – чаҳор паҳлавони тоҷик ноком шуданд. Дар сабқати самбои варзишӣ Мустафо Ҳасанов (68 кг) баъди ду пирӯзӣ, Ардашер Исмоилов (52 кг) ва Хушқадам Хусравов (62 кг) дар даври аввал, дар сабқати самбои размӣ Табрезшо Парпишоев (74 кг) дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон дар муддати беш аз 40 сол ба медали тилои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш оид ба самбои варзишӣ:

Мардон

Вазни то 52 кг

1. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)

2. Тигран КИРАКОСЯН (Арманистон)

3. Валерий СОРОНОКОВ (Русия)

3. Саттор ЭРГАШЕВ (Узбакистон)

Вазни то 57 кг

1. ЧИДРАШВИЛИ Вахтанге (Гурҷистон)

2.КАРИМОВ Акмалиддин (Тоҷикистон)

3. АТКУНОВ Аимерген (Русия)

3. БУРДЗ Ладзислау (Булғористон)

Вазни то 62 кг

1.АНИСКЕВИЧ Иван (Беларус)

2. ГАРАЕВ Ҷовидон (Озарбойҷон)

3. ҲАМРОЕВ Давлатҷон (Узбакистон)

3. КУАНОВ Йессет (Қазоқистон)

Вазни то 68 кг

1. Никита КЛЕТСКОВ (Русия)

2. Эмил ҲАСАНОВ (Озарбойҷон)

3. Леван НАХУТРИШВИЛИ (Гурҷистон)

3. Сорбон ЭРНАЗАРОВ (Узбакистон)

Вазни то 74 кг

1. СИДАКОВ Азамат (Русия)

2. ГАСИМОВ Амил (Озарбойҷон)

3. ПОПОВ Степан (Беларус)

3. БЕРУЛАВА Десарион (Гурҷистон)

Вазни то 82 кг

1. ОСЛОБАНУ Сергей (Молдова)

2. КОКОВИЧ Иля (Русия)

3. НИЖЕНКО Олексий (Украина)

3. ТЕЖЕНОВ Тежен (Туркманистон)

Вазни то 90 кг

1. Алсим ЧЕРНОСКУЛОВ (Русия)

2. Иван ВАСИЛЧУК (Украина)

3. Андрей КАЗУСЕНОК (Беларус)

3. Хелге МОЛТ (Олмон)

Вазни то 100 кг

1. ЛОРИАШВИЛИ Давит (Гурҷистон)

2. ЕЛИСЕЕВ Дмитрий (Русия)

3. РИТКО Ярослав (Украина)

3. СЁМОЧКИН Евгений (Беларус)

Вазни беш аз 100 кг

1. ОСИПЕНКО Артём (Русия)

2. ХОРКАШОВ Набимуҳаммад (Тоҷикистон)

3. РИБАК Юрий (Беларус)

3. БЕРДЗЕНЕШВИЛИ Бека (Гурҷистон)

Ҳисоби дастаӣ:

Занон

1. Русия

2. Украина

3. Беларус

Мардон

1. Русия

2. Гурҷистон

3. Беларус

Самбои размӣ

1. Русия

2. Булғористон

3. Қазоқистон

XS
SM
MD
LG