Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки имрӯз, 13 ноябр дар шаҳри Касабланкаи Мароккаш шурӯъ мешавад, ширкат меварзанд.
Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби кишвар паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба мисли Ардашер Исмоилов (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Хушқадам Хисравов (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Муҳаммадризо Қурбонзода (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (беш аз 100 кг) дохиланд. Онҳо дар сабқати самбои варзишӣ иштирок мекунанд.”
Ба гуфтаи ҷаноби Абдулло, довари дараҷаи байналмилалӣ, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкати варзишгарон аз 85 кишвар дар назар аст. Рӯзи аввали мусобиқа – 13 ноябр – мардон оид ба самбои варзишӣ дар вазнҳои52, 68, 90 кг ва оид ба самбои размӣ дар вазнҳои 57, 74, 100 кг вориди рақобат мешаванд. Занон бошанд, дар намуди самбои варзишӣ дар вазнҳои 48, 60, 72 кг қувваозмоӣ мекунанд.
Умуман, мусобиқа аз рӯи 9 вазн оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва оид ба самбои размӣ байни мардон сурат мегирад. Мусобиқа дар вазнҳои дигар рӯзҳои 14 ва 15 ноябр баргузор мешавад.
Бояд тазаккур дод, гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбои варзишӣ байни бузургсолон борҳо бо медалҳои нуқраву биринҷӣ сарфароз гаштаанд. Вале баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, моҳи сентябри соли 1975 дар Мински Беларус, касе аз Тоҷикистон то ҳоло ба медали тилои қаҳрамонии ҷаҳон байни бузургсолон мушарраф нашудааст.